Забур 9
9
ТАРОНАИ НӮҲУМ
Суруди пурсурури Довуд баъд аз ғалаба бар душманон.
1Барои сардори муғанниён бар мамоти Лабин. Таронаи Довуд.
2Худовандро бо тамоми дилам ҳамд хоҳам гуфт;
ҳамаи корҳои аҷоиби Туро ҳикоят хоҳам кард.
3Дар Ту шодӣ ва хурсандӣ хоҳам кард,
исми Туро, эй Ҳаққи Таоло, хоҳам сароид.
4Вақте ки душманонам ба ақиб баргарданд,
пешпо хӯрда, аз пеши Ту нест хоҳанд шуд,
5Зеро ки Ту доварӣ ва мурофиаи маро ба амал овардаӣ;
Ту, эй Довари одил, бар тахт нишастаӣ.
6Ту бар қавмҳо итоб намудаӣ, шарирро нест кардаӣ,
номи онҳоро маҳв намудаӣ то абад.
7Душман барҳам хӯрда,
ба сурати абадӣ хонавайрон гардидааст;
шаҳрҳояшро бе беху буньёд кардаӣ, зикрашон нест шудааст.
8Валекин Худованд то абад қоим аст;
Ӯ тахти Худро барои доварӣ барқарор кардааст,
9Ва Ӯ дуньёро аз рӯи инсоф доварӣ хоҳад кард,
қабилаҳоро аз рӯи ростӣ додгарӣ хоҳад намуд.
10Ва Худованд паноҳгоҳи мазлумон хоҳад буд,
паноҳгоҳ дар лаҳзаҳои тангӣ.
11Ва орифони исми Ту ба Ту таваккал хоҳанд кард,
чунки Ту, эй Худованд, толибони Худро тарк намекунӣ.
12Худовандро, ки бар Сион сокин аст, бисароед,
корномаҳои Ӯро дар миёни қавмҳо шӯҳрат диҳед.
13Зеро ки Ӯ подоши хунҳоро металабад,
онҳоро дар хотир дорад, фиғони мазлумонро фаромӯш намекунад.
14Ба ман марҳамат намо, эй Худованд;
ба мусибате ки аз дасти бадхоҳонам мекашам, назар андоз,
ки Ту маро аз дарвозаи мамот баланд бардоштаӣ,
15Барои он ки тамоми ҳамду санои Туро баён намоям:
дар наҷоти Ту хурсандӣ хоҳам кард.
16Халқҳо ба чоҳе ки канда буданд, фурӯ ғалтиданд;
дар доме ки ниҳон карда буданд, пои худашон андармон шуд.
17Худованд ба василаи доварие ки кард, шӯҳрат меёбад:
шарир ба доме афтод, ки бо кафҳои худ сохта буд. Ҳиҷойӯн#9:17 Ҳиҷойӯн — аз афташ, истилоҳи мусиқиест, ки замзамаро мефаҳмонад.. Село.
18Шарирон ба дӯзах хоҳанд рафт,
яъне ҳамаи халқҳое ки Худоро фаромӯш мекунанд.
19Зеро ки мискин ба сурати абадӣ фаромӯш нахоҳад шуд,
ва умеди камбағалон то ба охир барбод нахоҳад рафт.
20Бархез, эй Худованд, то ки одамизод густох набошад,
ва халқҳо пеши Ту маҳкум гарданд.
21Онҳоро, эй Худованд, ба ҳарос андоз,
то халқҳо бидонанд, ки онҳо фақат одамизод ҳастанд. Село.
Дуо дар бораи наҷот додан аз душманон ва умед бастан ба мадади Худо.
22Чаро, эй Худованд, дур меистӣ?
Ва дар вақти тангӣ Худро пинҳон медорӣ?
23Шарир дар ғурури худ камбағалро таъқиб мекунад;
кошки худашон ба найрангҳое ки андешидаанд, гирифтор шаванд!
24Зеро ки шарир бо ҳирси нафси худ меболад,
ва тамаъкор ба Худованд беэътиноӣ мекунад.
25Шарир дар такаббури худ мегӯяд: «Ӯ бозхост нахоҳад кард»;
тамоми хаёли вай ин аст, ки «Худо нест».
26Роҳҳои вай ҳама вақт бомуваффақият аст;
довариҳои Ту аз вай бағоят дур аст;
ба ҳамаи хасмҳои худ беэътиноӣ мекунад;
27Дар дили худ мегӯяд: «Фурӯ нахоҳам ғалтид;
ҳаргиз бадие нахоҳам дид».
28Даҳони вай аз лаънат, макр ва фиреб пур аст;
дар зери забонаш бадӣ ва хабосат аст.
29Дар пушти работҳо камин мегирад;
дар ҷойҳои ниҳонӣ бегуноҳро мекушад;
чашмонаш аз паи бечора мепояд.
30Дар ҷои ниҳонӣ, мисли шер дар лонаи худ, камин мегирад;
барои қапидани камбағал камин мегирад,
ва камбағалро қапида, ба доми худ мекашад;
31Ба зону нишаста, хам мешавад, —
ва бечорагон ба чанголи пурзӯри вай меафтанд.
32Дар дили худ мегӯяд: «Худо фаромӯш кардааст,
рӯи Худро пӯшидааст, ҳаргиз нахоҳад дид».
33Эй Худованд, бархез! Эй Худо, дасти Худро бардор,
ҳалимонро фаромӯш накун.
34Чаро шарир ба Худо беэътиноӣ карда,
дар дили худ мегӯяд: «Ту бозхост нахоҳӣ кард»?
35Ту мебинӣ, зеро ки Ту ба азоб ва кулфат менигарӣ, то ки бо дасти Худ сазо диҳӣ.
Бечора худро ба Ту месупорад;
мададгори ятим Ту ҳастӣ.
36Бозуи шарир ва бадкешро бишкан,
ба тавре ки агар шарораташро ҷустуҷӯ намоӣ, ёфт нашавад.
37Худованд подшоҳ аст то абад;
мағрурон аз замини Ӯ нест хоҳанд шуд.
38Худовандо! Орзуи ҳалимонро шунидаӣ;
дили онҳоро қавӣ гардон; гӯшатро бикшо,
39То ки ятим ва мазлумро дар доварӣ ҳимоят намоӣ,
ва одаме ки аз хок аст, дигар онҳоро натарсонад.
Currently Selected:
Забур 9: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.