Забур 8
8
ТАРОНАИ ҲАШТУМ
Мадҳ дар шаъни Офаридагор барои марҳамати Ӯ ва барои атои файз.
1Барои сардори муғанниён бар сози Ҷот. Таронаи Довуд.
2Худовандо, Худои мо!
Чӣ қадар боҳашамат аст исми Ту дар тамоми замин!
Ту шукӯҳи Худро бар осмон паҳн кардаӣ!
3Аз даҳони кӯдакон ва ширмакон,
бар хилофи хасмҳои Худ, ҳамдро ба вуҷуд овардаӣ,
то ки душман ва интиқомҷӯйро хомӯш гардонӣ.
4Вақте ки ба осмони Ту менигарам, ки санъи ангуштони Туст,
ва ба моҳ ва ситорагоне ки Ту офаридаӣ, —
5Пас чист инсон, ки ӯро ёд кунӣ,
ва фарзанди одам, ки ӯро тафаққуд намоӣ?
6Ӯро аз фариштагон фақат андак кам кардаӣ;
ва тоҷи ҷалол ва шавкат бар сари ӯ гузоштаӣ;
7Ӯро бар аъмоли дастҳои Худ ҳукмфармо кардаӣ;
ҳама чизро зери пои ӯ гузоштаӣ:
8Ҳамаи гӯсфандон ва говонро,
ҳамчунин ҳайвонҳои саҳроро,
9Мурғони осмон ва моҳиёни баҳрро,
ҳар чиро, ки бо роҳҳои баҳр гузар мекунад.
10Худовандо, Худои мо!
Чӣ қадар боҳашамат аст исми Ту дар тамоми замин!
Currently Selected:
Забур 8: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.