Забур 10
10
ТАРОНАИ ДАҲУМ
Худованд одилонро дӯст медорад ва аз шарирон нафрат дорад.
1Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
Ба Худованд паноҳ мебарам;
чӣ гуна шумо ба ҷонам мегӯед: «Мисли мурғе ба кӯҳи худ бигрез»?
2Зеро инак шарирон камонро кашидаанд,
тири худро ба зеҳи он гузоштаанд,
то ки дар торикӣ ба ростдилон биандозанд.
3Дар сурате ки буньёдҳо вайрон шудааст,
одил чӣ кор карда метавонад?
4Худованд дар қасри қудси Худ сокин аст;
тахти Худованд дар осмон аст;
чашмони Ӯ менигарад, пилкҳои Ӯ банӣ‐одамро имтиҳон мекунад.
5Худованд одилро имтиҳон мекунад, вале аз шарир ва дӯстдори хабосат ҷони Ӯ нафрат дорад.
6Бар шарирон ахгарҳо,
оташ ва кибрит хоҳад боронид, ва боди самум ҳиссаи косаи онҳо хоҳад шуд.
7Зеро ки Худованд одил аст, адолатро дӯст медорад;
рӯи Ӯ ба росткор нигаронида шудааст.
Currently Selected:
Забур 10: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.