Забур 7
7
ТАРОНАИ ҲАФТУМ
Худованд шариронро ҷазо медиҳад ва бегуноҳро мераҳонад.
1Суруди ҷонсӯзе ки Довуд ба Худованд оид ба суханони Куши Биньёминӣ хондааст.
2Худовандо, Худои ман! Ба Ту паноҳ мебарам;
маро аз ҳамаи таъқибкунандагонам наҷот деҳ ва халос кун.
3Мабодо вай, монанди шер, ҷонамро бидаронад,
дар сурате ки халоскунандае набошад.
4Худовандо, Худои ман! Агар ин корро кардаам,
агар аз дастам ноинсофие ба амал омадааст,
5Агар ба дӯстам бадӣ кардаам
ва хасмамро тиҳидаст рондаам, —
6Бигзор душман ҷонамро таъқиб намояд, ва маро дастгир кунад,
ва ҳаётамро ба замин яксон кунад,
ва ҷалоламро ба хок занад. Село.
7Эй Худованд, дар ғазаби Худ бархез:
бар зидди бадхашмии хасмҳоям қиём кун,
барои ман ба доварие ки амр фармудаӣ, бедор шав.
8Анбӯҳи қабилаҳо дар гирди Ту ҷамъ хоҳанд омад;
бар онҳо ба афроз баргард.
9Худованд қавмҳоро доварӣ хоҳад кард.
Маро, эй Худованд, аз рӯи адолатам ва аз рӯи беайбиам доварӣ намо.
10Бигзор бадии шарирон хотима ёбад, ва одилро тақвият намо;
зеро ки Ту, эй Худои одил, имтиҳонкунандаи дилҳо ва ботинҳо ҳастӣ.
11Сипари ман дар Худост,
ки Ӯ наҷотдиҳандаи ростдилон аст.
12Худо Довари одил аст,
ва Худо ҳар рӯз ғазабнок аст.
13Кас агар руҷӯъ накунад, Ӯ шамшери Худро тез мекунад,
камони Худро кашида, ба нишон мегирад;
14Барои вай олоти мамотро тайёр мекунад,
тирҳои Худро сӯзон мегардонад.
15Инак вай тухми бадиро кошт,
ба хабосат ҳомила шуд, ва кизбро зоид.
16Чуқурие канд, ва онро чуқур кард,
ва ба чоҳе ки канд, худаш фурӯ ғалтид.
17Хабосати вай бар сараш хоҳад баргашт,
ва зулми вай бар фарқаш хоҳад афтод.
18Худовандро аз рӯи адолати Ӯ ҳамд мегӯям,
ва исми Худованди Таолоро месароям.
Currently Selected:
Забур 7: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.