Bible App logo
Search Icon

Забур 6

6
ТАРОНАИ ШАШУМ
Дуои гуноҳкоре ки тавба кардааст.
1Барои сардори муғанниён бар сози ҳашттор. Таронаи Довуд.
2Худовандо! Дар ғазаби Худ маро мазаммат накун,
ва дар хашми Худ маро ҷазо надеҳ.
3Ба ман марҳамат намо, эй Худованд, зеро ки ман афсурдаҳолам;
маро шифо бидеҳ, эй Худованд, зеро ки устухонҳоям ба ларза омадааст;
4Ҷонам низ хеле ба ларза омадааст;
пас Ту, эй Худованд, то ба кай?
5Баргард, эй Худованд, ҷонамро бираҳон,
ба хотири эҳсони Худ маро наҷот деҳ,
6Зеро ки дар мамот зикри Ту нест:
дар гӯристон кӣ Туро ҳамд мегӯяд?
7Аз оҳу воҳи худ лакот шудаам;
тамоми шаб ҷогаҳамро ғарқи об мекунам:
бо ашки худ бистарамро тар мекунам.
8Чашмам аз ғусса хаста шудааст, аз дасти ҳамаи
хасмҳоям оҷиз гардидааст.
9Аз ман дур шавед, эй ҳамаи бадкирдорон!
Зеро ки Худованд овози гирьяи маро шунидааст.
10Худованд истигосаи маро шунидааст;
Худованд дуои маро иҷобат хоҳад кард.
11Бигзор ҳамаи душманонам шармсор ва бисьёр ҳаросон шаванд;
дар як он хиҷил шуда, баргарданд.

Currently Selected:

Забур 6: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in