Bible App logo
Search Icon

Забур 5

5
ТАРОНАИ ПАНҶУМ
Дуои субҳи Довуд, ки пур аз умедворӣ ба мадади Худо мебошад.
1Барои сардори муғанниён бар созҳои нафасӣ. Таронаи Довуд.
2Ба суханонам, эй Худованд,
гӯш андоз, андешаҳоямро бифаҳм.
3Овози истиғосаамро бишнав, эй Подшоҳи ман
ва Худои ман!
Зеро ки ба Ту дуо мегӯям.
4Худовандо! Саҳаргоҳон овозамро бишнав, —
саҳаргоҳон пеши Ту ҳозир мешавам, ва интизорӣ мекашам,
5Зеро ки Ту Худои шароратхоҳ нестӣ:
назди Ту бадкеш сокин нахоҳад шуд;
6Лофакиён пеши назари Ту нахоҳанд истод:
аз ҳамаи бадкирдорон нафрат дорӣ.
7Дурӯғгӯёнро нобуд хоҳӣ кард;
Худованд аз хунхӯр ва маккор кароҳат дорад.
8Валекин ман, аз бисьёрии эҳсони Ту, ба хонаи Ту дохил хоҳам шуд,
ва бо тарси Ту ба қасри қудси Ту саҷда хоҳам кард.
9Худовандо! Ба ман, бар хилофи иродаи мухолифонам, дар адолати худ роҳнамо шав;
роҳи Худро пеши ман ҳамвор кун.
10Зеро ки дар даҳони онҳо гапи дуруст нест:
ботинашон харобист,
гулӯяшон қабри кушода аст,
бо забонашон тамаллуқ мегӯянд.
11Онҳоро, эй Худованд, маҳкум намо,
то ки аз қасдҳои бади худ фурӯ ғалтанд;
ба сабаби ҷиноятҳои бисьёрашон онҳоро рад намо,
зеро ки бар зидди Ту ба шӯр омадаанд.
12Ва ҳамаи паноҳбарони Ту хурсанд хоҳанд шуд
ва то абад тараннум хоҳанд кард,
ва Ту пуштибони онҳо хоҳӣ буд,
ва дӯстдорони исми Ту дар Ту шод хоҳанд шуд.
13Зеро ки Ту, эй Худованд, одилро баракат медиҳӣ;
бо зиреҳи меҳрубонӣ ӯро фаро мегирӣ.

Currently Selected:

Забур 5: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in