Bible App logo
Search Icon

Забур 4

4
ТАРОНАИ ЧОРУМ
Дуои шоми Довуд, ки пур аз имон ба мадади Худо мебошад.
1Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Таронаи Довуд.
2Вақте ки Туро мехонам, маро иҷобат намо, эй Худои адли ман!
Дар тангӣ маро вусъат додаӣ.
Ба ман марҳамат намо ва дуоямро бишнав.
3Эй фарзандони инсон! То ба кай ҷалолам дар нанг хоҳад буд?
Ва гапҳои хушкухолиро дӯст дошта, толиби кизб хоҳед буд? Село.
4Вале бидонед, ки Худованд порсоёнро барои Худ ҷудо кардааст;
Худованд мешунавад, вақте ки Ӯро мехонам.
5Музтариб шуда, хато накунед:
бар бистарҳои худ дар дилҳотон андеша кунед ва сокит бошед. Село.
6Қурбониҳои адолатро тақдим намоед,
ва ба Худованд таваккал кунед.
7Бисьёр касон мегӯянд: «Кӣ ба мо некӯиро нишон медиҳад?»
Нури рӯи Худро ба мо зоҳир намо, эй Худованд!
8Ба дилам шодӣ бахшидаӣ
аз он вақте ки ғаллаи онҳо ва оби ангури онҳо афзудааст.
9Ба саломатӣ дароз мекашам ва хоб меравам,
зеро ки танҳо Ту, эй Худованд, маро дар осудагӣ сокин мегардонӣ.

Currently Selected:

Забур 4: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in