Bible App logo
Search Icon

Забур 3

3
ТАРОНАИ СЕЮМ
Умед бастан ба мадади Худо.
1Таронаи Довуд, вақте ки аз писари худ Абшолӯм гурехт.
2Худовандо! Адуёнам чӣ қадар зиёд шудаанд!
Бисьёр касон бар зидди ман қиём мекунанд;
3Бисьёр касон дар ҳаққи ман мегӯянд:
«Ӯро дар Худо наҷот нест». Село#3:3 Село — тафсири саҳеҳи ин калима маълум нест, лекин гумон мекунанд, ки он дар таронаҳои Забур истилоҳи мусиқиест, ки хотима ё тағьири оҳангро мефаҳмонад..
4Валекин Ту, эй Худованд, сипаре дар гирди ман,
ҷалоли ман ва афрозандаи сари ман ҳастӣ.
5Овозам Худовандро мехонад,
ва Ӯ аз кӯҳи муқаддаси Худ маро иҷобат менамояд. Село.
6Ман дароз мекашам, хоб меравам ва мехезам,
зеро ки Худованд ба ман мадад мекунад.
7Аз беварҳои мардум, ки маро муҳосира кардаанд, наметарсам.
8Бархез, эй Худованд! Маро наҷот дех, эй Худои ман!
Зеро ки Ту ҳамаи душманонамро торсакӣ мезанӣ,
дандонҳои шариронро мешиканӣ.
9Наҷот аз Худованд аст.
Баракати Ту бар қавми Туст. Село.

Currently Selected:

Забур 3: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in