Забур 37
37
ТАРОНАИ СИЮ ҲАФТУМ
Суруди тавбаи беморони сахт.
1Таронаи Довуд. Барои ёдоварӣ.
2Худовандо! Дар ғазаби Худ маро мазаммат накун,
ва дар хашми Худ маро ҷазо надеҳ,
3Зеро ки тирҳои Ту дар ман фурӯ рафтааст,
ва дасти Ту бар ман фурӯд омадааст.
4Дар ҷисмам аз ғазаби Ту ҷои сиҳате нест;
дар устухонҳоям аз хатои худам саломатӣ нест,
5Зеро ки гуноҳҳоям аз сарам гузаштааст,
мисли бори гароне аз бардоштам вазнинтар аст;
6Аз боиси беақлии ман ҷароҳатҳоям бадбӯй шудааст,
фасод кардааст.
7Бисьёр хамидақомат ва сархам шудаам,
тамоми рӯз тирарӯ шуда мегардам;
8Зеро ки суринҳоям пур аз варам аст,
ва дар ҷисмам ҷои сиҳате нест.
9Бағоят бемадор ва шалпар шудаам;
аз дарди дили худ наъра мезанам.
10Худовандо! Тамоми орзуям пеши назари Туст,
ва оҳу фиғонам аз Ту пӯшида нест.
11Дилам метапад; қувватам аз ман рафтааст,
ва нури чашмонам низ бо ман нест.
12Дӯстонам ва ёронам аз офати ман канор шудаанд,
ва хешовандонам дур истодаанд.
13Ва толибони ҷонам бар ман дом мегузоранд,
ва бадхоҳонам суханони фитнаангез мегӯянд
ва ҳар рӯз макрҳо меандешанд.
14Валекин ман мисли кар намешунавам,
ва мисли гунге ҳастам, ки даҳонашро намекушояд;
15Ва монанди шахсе гардидаам, ки намешунавад,
ва дар забонаш далеле нест.
16Аммо ба Ту, эй Худованд, умед бастаам;
Ту иҷобат намо, эй Худованд Худои ман.
17Зеро ки гуфтаам: «Мабодо бар ман шодкомӣ ёбанд ва,
агар пешпо хӯрам, бар ман такаббур кунанд».
18Зеро ки ман ба афтодан наздик шудаам,
ва дардам ҳамеша дар рӯ ба рӯи ман аст.
19Зеро ки ба гуноҳи худ иқрорам,
аз хатои худ ғамгинам.
20Валекин душманонам зинда ва пурзӯранд,
ва онҳое ки ноҳақ бадхоҳи мананд, бисьёранд;
21Ва онҳое ки ба ивази некӣ бадӣ мекунанд,
барои он ба ман адоват доранд,
ки некиро пайравӣ менамоям.
22Маро тарк накун, эй Худованд Худои ман!
Аз ман дур набош;
23Ба мадади ман шитоб кун, эй Худованд, эй наҷоти ман!
Currently Selected:
Забур 37: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.