Bible App logo
Search Icon

Забур 36

36
ТАРОНАИ СИЮ ШАШУМ
Умедворони Худованд ва ҳалимон вориси замин хоҳанд буд, вале шарирон ва бадкешон маҳв хоҳанд шуд.
1Таронаи Довуд.
Ба бадкешон рашк накун, аз ноинсофон ҳасад набар,
2Зеро ки онҳо мисли алаф ба зудӣ даравида хоҳанд шуд,
ва мисли сабза пажмурда хоҳанд шуд.
3Ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун;
дар замин сокин бош ва ростиро ҳифз намо.
4Ва дар Худованд тасаллӣ хоҳӣ ёфт,
ва Ӯ муроди дилатро ба ту ато хоҳад кард.
5Роҳи худро ба Худованд бисупор,
ва ба Ӯ таваккал намо, ва Ӯ ба ҷо хоҳад овард,
6Ва адолати туро мисли нур,
ва инсофи туро мисли нимрӯз ба зуҳур хоҳад овард.
7Пеши Худованд сокит бош ва ба Ӯ умед банд.
Ба касе ки роҳаш барор ёфтааст,
ба шахси дасисакор рашк накун.
8Аз хашм даст бикаш, ва ғазабро тарк намо;
рашк накун, ки ин боиси бадкорӣ хоҳад шуд,
9Зеро ки бадкешон маҳв хоҳанд шуд,
валекин умедворони Худованд вориси замин хоҳанд буд.
10Боз андак сабр кун, ва шарир боқӣ нахоҳад монд;
ба маконаш назар хоҳӣ андохт, ва ӯ нахоҳад буд.
11Аммо ҳалимон вориси замин хоҳанд буд,
ва аз осудагии бисьёр лаззат хоҳанд бурд.
12Шарир ба одил қасди бад мекунад,
ва дандонҳои худро бар ӯ ғиҷиррос мезанонад;
13Аммо Худованд ба ҳоли вай механдад,
зеро мебинад, ки рӯзи вай меояд.
14Шарирон шамшер бараҳна мекунанд ва камони худро мекашанд,
то ки камбағал ва мискинро ғалтонанд ва ростравонро қатл кунанд.
15Шамшери онҳо ба дили худашон фурӯ хоҳад рафт,
ва камонҳои онҳо хоҳад шикаст.
16Чизи ками одил
беҳ аз сарвати шарирони бисьёр,
17Зеро ки бозувони шарирон хоҳад шикаст,
вале одилонро Худованд тақвият медиҳад.
18Худованд рӯзҳои беайбонро медонад,
ва мероси онҳо то абад хоҳад буд.
19Дар вақти мусибат хиҷил нахоҳанд шуд,
ва дар айёми қаҳтӣ сер хоҳанд буд,
20Аммо шарирон нест хоҳанд шуд,
ва душманони Худованд мисли шукӯҳи марғзорҳо фано хоҳанд шуд,
мисли дуд фано хоҳанд шуд.
21Шарир қарз мегирад ва адо намекунад,
вале одил эҳсон мекунад ва медиҳад;
22Зеро онҳое ки Ӯ муборак хондааст, вориси замин хоҳанд буд,
вале онҳое ки Ӯ малъун хондааст, маҳв хоҳанд шуд.
23Худованд қадамҳои мардро барқарор мекунад,
ва ба роҳи вай таваҷҷӯҳ менамояд,
24Ба тавре ки вай афтад ҳам, сахт афканда намешавад,
зеро ки Худованд дасташро мегирад.
25Ҷавон будам ва ҳоло пир шудаам,
ва одилеро надидаам, ки партофта шуда бошад,
ва наслаш нон мепурсида бошанд:
26Вай ҳар рӯз мебахшад ва қарз медиҳад,
ва насли вай баракат хоҳанд ёфт.
27Аз бадӣ дур шав ва некӣ бикун,
ва то абад сукунат хоҳӣ кард,
28Зеро ки Худованд инсофро дӯст медорад,
ва порсоёни Худро тарк нахоҳад кард;
онҳо то абад маҳфуз хоҳанд буд;
ва насли шарирон маҳв хоҳанд шуд.
29Одилон вориси замин хоҳанд буд,
ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард.
30Даҳони одил ҳикматро баён мекунад,
ва забони ӯ инсофро ифода менамояд.
31Шариати Худои ӯ дар дили ӯст;
қадамҳояш суст нахоҳад шуд.
32Шарир одилро поида мегардад,
ва дар паи куштани ӯст;
33Лекин Худованд ӯро ба дасти вай намесупорад,
ва чун кораш ба мурофиа оид шавад,
намегузорад, ки ӯро айбдор кунанд.
34Ба Худованд умед банд ва тариқи Ӯро риоя намо;
ва Ӯ туро баланд хоҳад кард, то ки вориси замин гардӣ;
ҳангоми маҳв шудани шарирон инро хоҳӣ дид.
35Шарири ситамгареро дидаам,
ки мисли дарахти сершохаи сабзу хуррам дар як ҷо чуқур реша давонда буд;
36Ва ӯ гузашта рафт, ва инак нест шудааст;
ва ӯро ҷустуҷӯ кардам, ва ёфт нашуд.
37Ба беайб назар андоз ва росткорро бубин,
зеро ки оянда ба шахси сулҳҷӯ тааллуқ дорад,
38Ва ҷинояткорон аз як сар маҳв хоҳанд шуд;
фарҷоми шарирон нест шудан аст.
39Наҷоти одилон аз Худованд аст;
дар вақти тангӣ Ӯ истеҳкоми онҳост;
40Ва Худованд ба онҳо мадад хоҳад кард ва онҳоро халосӣ хоҳад дод;
онҳоро аз шарирон халосӣ хоҳад дод, ва онҳоро наҷот хоҳад бахшид,
зеро ки онҳо ба Ӯ паноҳ мебаранд.

Currently Selected:

Забур 36: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in