Забур 38
38
ТАРОНАИ СИЮ ҲАШТУМ
Сукути ҳалимона сабаби тавбаи гуноҳкор мешавад.
1Барои сардори муғанниён, Едутун. Таронаи Довуд.
2Гуфтам: «Роҳҳои худро эҳтиёт хоҳам кард,
то ки бо забонам хатое накунам;
ба даҳонам тумшуқбанд хоҳам зад,
то даме ки шарир дар рӯ ба рӯи ман аст».
3Ман гунг ва хомӯш будам,
аз некӣ низ лаб фурӯ бастам, ва дардам бадтар шуд.
4Дилам андарунам аланга зад,
дар фикрам оташ даргирифт,
бо забони худ сухан гуфтам:
5«Аҷаламро, эй Худованд, ба ман маълум кун,
ва миқдори рӯзҳоямро, ки чист,
то донам, ки кай фано мешавам.
6Инак, рӯзҳои маро ба қадри ваҷабе додаӣ,
ва умрам дар назари Ту ҳеҷ аст.
Ба яқин ҳар одамӣ, ки мутакаббирона меистад, чизи бекор аст». Село.
7Ба яқин одамизод мисли шабаҳе мегардад:
бекора шӯру ғавғо менамояд,
захира мекунад ва намедонад, ки он насиби кӣ мешавад.
8Ва акнун, эй Худованд, ман чиро умедвор бошам?
Умеди ман бар Туст.
9Аз ҳамаи ҷиноятҳоям маро раҳоӣ деҳ,
пеши нобакорон маро хиҷил накун.
10Ман гунг шудаам, даҳонамро намекушоям;
зеро ки Ту инро кардаӣ.
11Офати Худро аз ман дур кун;
аз зарбаи дасти Ту ман нобуд мешавам.
12Агар одамизодро мувофиқи далелҳои гуноҳи вай ҷазо диҳӣ, зебоии вай,
мисли он ки куя зада бошад, хароб хоҳад шуд.
Ба яқин ҳар одамӣ чизи бекор аст! Село.
13Дуои маро бишнав, эй Худованд, ва ба истиғосаи ман гӯш андоз;
бар ашкҳоям сокит набош, зеро ки ман назди Ту ғарибам ва мисли ҳамаи падаронам муҳоҷирам.
14Ғазаби Худро аз ман бигардон, то каме кушодарӯй гардам,
пеш аз он ки биравам, ва дигар нахоҳам буд.
Currently Selected:
Забур 38: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.