Забур 35
35
ТАРОНАИ СИЮ ПАНҶУМ
Мадҳ дар шаъни марҳамати Худо.
1Барои сардори муғанниён. Таронаи бандаи Худованд Довуд.
2Маъсияти шарир андаруни дилам мегӯяд:
«Тарси Худо дар пеши чашми вай нест»;
3Зеро ки вай ба худаш дар назари худ тамаллуқ мегӯяд
ва барои худ гуноҳе пайдо мекунад,
то ки пур аз адоват гардад;
4Суханони забонаш талбис ва макр аст;
аз рафтори оқилона ва некӯкорӣ даст кашидааст;
5Дар ҷогаҳи худ талбис мебофад,
роҳи нодурустро пеш гирифтааст, аз бадӣ нафрат намекунад.
6Худовандо! Эҳсони Ту то осмонҳост,
садоқати Ту то афлок аст!
7Адолати Ту мисли кӯҳҳои муаззам аст,
довариҳои Ту вартаи бузург аст!
Одамизод ва ҳайвонро Ту наҷот медиҳӣ, эй Худованд!
8Чӣ арҷманд аст эҳсони Ту, эй Худо!
Банӣ‐одам дар сояи болҳои Ту паноҳ меёбанд;
9Аз равғани хонаи Ту сер мешаванд,
ва аз наҳри шарбатҳои Худ онҳоро менӯшонӣ,
10Зеро ки чашмаи ҳаёт бо Туст;
дар нури Ту нурро мебинем.
11Эҳсони Худро барои орифони Худ давом деҳ,
ва адолати Худро барои ростдилон.
12Бигзор пои ғурур бар ман наояд,
ва дасти шарирон маро бадар наронад.
13Дар он ҷо бадкирдорон афтодаанд,
сарнагун шудаанд ва хеста наметавонанд.
Currently Selected:
Забур 35: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.