Bible App logo
Search Icon

Забур 34

34
ТАРОНАИ СИЮ ЧОРУМ
Дуо дар бораи наҷот додан аз душманони шарир.
1Таронаи Довуд.
Ба мухолифонам, эй Худованд,
мухолифат намо, ба ҷангҷӯёнам ҷанг кун;
2Сипар ва ҷавшан бигир,
ва ба мадади ман бархез;
3Ва найзаро бикаш ва пеши роҳи таъқибкунандагони маро бигир;
ба ҷонам бигӯй: «Ман наҷоти ту ҳастам!»
4Бигзор толибони ҷонам хиҷил ва расво шаванд;
бадандешонам қафо гарданд ва шарманда шаванд;
5Мисли коҳрезае пеши бод бошанд,
ва фариштаи Худованд онҳоро биронад;
6Роҳашон торик ва лағжонак бошад,
ва фариштаи Худованд онҳоро таъқиб намояд,
7Зеро ки бе сабабе барои ман доми худро дар ҳафра пинҳон кардаанд;
онро бе сабаб барои ҷонам кандаанд.
8Бигзор бар ӯ таҳлукаи ногаҳоние биёяд,
ва доме ки пинҳон кардааст, худи ӯро бигирад;
дар торикӣ дар он фурӯ ғалтад.
9Валекин ҷонам дар Худованд хурсандӣ хоҳад кард;
дар наҷоти Ӯ шод хоҳам шуд.
10Хамаи устухонҳоям мегӯяд: Худовандо!
Кист монанди Ту, ки камбағалро аз каси пурзӯртар аз вай халос мекунӣ,
ва камбағалу мискинро аз ғораткунандаи вай!
11Шоҳидони бадкин бархостаанд:
он чи намедонам, аз ман мепурсанд;
12Ба ивази некӣ ба ман бадӣ мекунанд,
ҷонамро гирифтори бекасӣ мегардонанд.
13Валекин ман дар бемории онҳо палос мепӯшидам,
ҷонамро бо рӯзадорӣ азоб медодам,
аммо бигзор дуоям ба оғӯшам баргардад.
14Мисли он ки дӯстам ё бародарам бошад,
рафтор мекардам;
мисли он ки барои модарам мотам гирифта бошам,
ғамгин ва сархам будам.
15Валекин вақте ки меафтодам, шодӣ мекарданд ва ҷамъ мешуданд;
нокасоне бар зидди ман ҷамъ мешуданд,
ки намешинохтам; маро дашном медоданд, ва бас намекарданд;
16Бо масхарабозони риёкор дар ҳаққи ман
дандонҳои худро ғиҷиррос мезанонданд.
17Худовандо! То ба кай нигоҳ хоҳӣ кард?
Ҷонамро аз ситамҳои онҳо,
ягонаамро аз шерони ҷавон халос кун.
18Туро дар ҷамоати бузург ҳамд хоҳам гуфт,
дар миёни қавми азим Туро мадҳ хоҳам кард,
19То онҳое ки ноҳақ ба ман адоват доранд,
бар ман шодкомӣ наёбанд,
онҳое ки бесабаб аз ман нафрат доранд,
ба ҳамдигар чашмакӣ назананд;
20Зеро ки на дар бораи сулҳу осоиштагӣ сухан меронанд,
балки дар ҳаққи сулҳҷӯёни замин бӯҳтонҳои макромез мебофанд;
21Ва даҳони худро ба ман воз карда, мегӯянд:
«Ҳай‐ҳай, чашми мо дид!»
22Инҳоро Ту, эй Худованд, дидаӣ, хомӯш набош.
Худовандо! Аз ман дур набош.
23Барои мурофиаи ман, барои даъвои ман аз хоб хез
ва бедор шав, эй Худои ман ва Худованди ман!
24Маро аз рӯи адолати Худ дар доварӣ ҳимоят намо,
эй Худованд Худои ман, то ки бар ман шодкомӣ наёбанд,
25Ва дар дили худ нагӯянд:
«Ҳай‐ҳай, ҷони мо ҳузур кард!»
Ва нагӯянд: «Ӯро фурӯ бурдем».
26Бигзор онҳое ки дар мусибати ман шодӣ мекунанд,
якҷоя шарманда ва расво шаванд,
онҳое ки бар ман такаббур менамоянд,
пероҳани хиҷолат дар бар кунанд.
27Бигзор онҳое ки хоҳишманди ҳаққонияти мананд,
шод ва хурсанд шаванд ва доимо гӯянд:
«Афзун бод кибриёи Худованд, ки саломатии бандаи Худро хоҳон аст!»
28Ва забонам адолати Туро
ва ҳамду санои Туро ҳар рӯз баён хоҳад кард.

Currently Selected:

Забур 34: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in