Bible App logo
Search Icon

Забур 33

33
ТАРОНАИ СИЮ СЕЮМ
Худованд ҳалимонро наҷот медиҳад ва бадкешонро маҳв мекунад.
1Таронаи Довуд, вақте ки ӯ хулқи худро назди Абималик дигаргун сохт, ва аз пеши вай бадар ронда шуд, ва баромада рафт.
2Худовандро дар ҳар вақт муборак хоҳам хонд;
доимо ҳамду санои Ӯ бар забони ман аст.
3Ҷонам бо Худованд фахр мекунад;
ҳалимон шунида, шод хоҳанд шуд.
4Худовандро бо ман такбир гӯед;
ва исми Ӯро якҷоя болобардор кунем.
5Худовандро талабидам, ва маро иҷобат намуд,
ва аз ҳамаи бимҳоям маро халосӣ дод.
6Сӯи Ӯ нигоҳ карданд ва мунаввар гардиданд,
ва чеҳраҳошон хиҷил нашуд.
7Ин мискин бихонд, ва Худованд шунид,
ва ӯро аз ҳамаи тангиҳояш наҷот дод.
8Фариштаи Худованд дар гирду пеши тарсгорони Ӯ ҳозир аст ва онҳоро халосӣ медиҳад.
9Бичашед ва хоҳед дид, ки Худованд некӯст!
Хушо марде ки ба Ӯ паноҳ мебарад!
10Аз Худованд тарсед, эй муқаддасони Ӯ,
зеро ки тарсгорони Ӯро ҳеҷ камӣ нест.
11Шерони ҷавон бенаво шудаанд ва гуруснагӣ мекашанд,
аммо толибони Худовандро аз ҳеҷ чизи хуб камӣ нахоҳад буд.
12Биёед, эй фарзандон, маро бишнавед:
тарси Худовандро ба шумо таълим хоҳам дод.
13Кист он шахсе ки ҳаётро хоҳон аст,
ва айёмро дӯст медорад, то ки некӯӣ бубинад?
14Забонатро аз бадӣ нигоҳ дор,
ва лабҳоятро аз гуфтори макромез.
15Аз бадӣ дур шав ва некӣ бикун;
талабгори осоиштагӣ шав ва дар паи он бош.
16Чашмони Худованд бар одилон аст,
ва гӯшҳои Ӯ сӯи истиғосаи онҳо.
17Хашми Худованд ба муқобили бадкорон аст,
то ки зикри онҳоро аз замин маҳв намояд.
18Вақте ки одилон фарьёд мекашанд,
Худованд онҳоро шунида, аз ҳамаи тангиҳошон халосӣ медиҳад.
19Худованд ба дилшикастагон наздик аст,
ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод.
20Мусибатҳои одил бисьёр аст,
валекин аз ҳамаи онҳо Худованд ӯро халосӣ медиҳад;
21Ҳамаи устухонҳои ӯро нигоҳ медорад;
ҳеҷ яке аз онҳо шикаста нахоҳад шуд.
22Шарирро бадӣ хоҳад кушт,
ва бадхоҳони одил маҳкум хоҳанд шуд.
23Худованд ҷони бандагони Худро раҳо хоҳад кард,
ва ҳеҷ кас аз паноҳбарони Ӯ маҳкум нахоҳад шуд.

Currently Selected:

Забур 33: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in