Bible App logo
Search Icon

Забур 32

32
ТАРОНАИ СИЮ ДУЮМ
Мадҳ дар шаъни Худои Қодир.
1Дар Худованд, эй одилон, тараннум намоед:
ҳамду сано гуфтан росткоронро мезебад.
2Худовандро бо барбат ҳамд гӯед,
бо уди даҳтор Ӯро бисароед;
3Суруди наве дар шаъни Ӯ бихонед;
бо бонги шодӣ некӯ бинавозед;
4Зеро ки каломи Худованд дуруст аст,
ва тамоми аъмоли Ӯ ҳақ асту рост.
5Ӯ адл ва инсофро дӯст медорад;
ҷаҳон аз эҳсони Худованд пур аст.
6Бо каломи Худованд осмонҳо офарида шудааст,
ва бо дами даҳони Ӯ ҳамаи лашкарҳои онҳо.
7Ӯ обҳои баҳрро мисли машке ҷамъ кардааст,
вартаҳоро дар хазоин гузоштааст.
8Бигзор тамоми аҳли замин аз Худо тарсон бошанд;
ҳамаи сокинони дуньё аз Ӯ ҳаросон шаванд,
9Зеро ки Ӯ гуфт, ва иҷро шуд;
Ӯ амр кард, ва қоим гардид.
10Худованд машварати халқҳоро ботил мекунад,
ба андешаҳои қавмҳо монеъ мешавад.
11Машварати Худованд қоим аст то абад,
андешаҳои дили Ӯ то абадуддаҳр.
12Хушо халқе ки Худованд Худои вай аст,
ва қавме ки Ӯ варо барои мероси Худ баргузидааст.
13Аз осмон Худованд нигоҳ мекунад,
тамоми банӣ‐одамро мебинад;
14Аз нишемангоҳи Худ
ба ҳамаи сокинони замин назар меандозад;
15Дилҳои онҳоро танҳо Худаш ба вуҷуд овардааст,
ва тамоми аъмолашонро мефаҳмад.
16Подшоҳ бо сипоҳи бузург наҷот нахоҳад ёфт;
паҳлавон бо қуввати бузург халос нахоҳад шуд.
17Асп барои наҷот беэътимод аст,
ва бо қуввати бузургаш халосӣ нахоҳад дод.
18Инак, чашми Худованд бар тарсгорони Ӯст,
бар онҳоест, ки ба эҳсони Ӯ умедворанд,
19То ки ҷони онҳоро аз мурдан халос кунад,
ва дар вақти қаҳтӣ онҳоро зинда мононад.
20Ҷони мо ба Худованд умедвор аст:
Ӯ мададгор ва сипари мост;
21Дили мо дар Ӯ шодӣ мекунад,
зеро ки ба исми қуддуси ӯ мо таваккал менамоем.
22Эҳсони Ту, эй Худованд, бар мо бод,
чунон ки мо ба Ту умед бастаем.

Currently Selected:

Забур 32: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in