Bible App logo
Search Icon

Забур 2

2
ТАРОНАИ ДУЮМ
Нубувват дар бораи малакути Писари Худо.
1Чаро халқҳо ба шӯр меоянд,
ва қабилаҳо беҳуда қасд мекунанд?
2Подшоҳони замин қиём мекунанд,
ва мирон бо ҳам машварат менамоянд
бар зидди Худованд ва бар зидди Масеҳи Ӯ:
3«Бандҳои онҳоро қатъ хоҳем кард,
ва завлонаҳои онҳоро аз худ дур хоҳем андохт».
4Он ки дар осмон нишастааст, механдад:
Худованд онҳоро тамасхур менамояд.
5Он гоҳ дар хашми Худ ба онҳо сухан меронад,
ва бо ғазаби Худ онҳоро ба ҳарос меандозад:
6«Валекин Ман подшоҳи Худро бар Сион,
кӯҳи муқаддаси Худ, таъин кардаам».
7Амри Худовандро баён мекунам.
Ӯ ба Ман гуфт: «Ту Писари Ман ҳастӣ;
Ман имрӯз Падари Ту шудаам.
8Аз Ман талаб намо, ва қавмҳоро ба мероси Ту,
ва ақсои заминро ба тасарруфи Ту хоҳам дод.
9Онҳоро бо асои оҳанин шикаст хоҳӣ дод;
мисли кӯзаи кулол пора‐пора хоҳӣ кард».
10Пас, эй подшоҳон, ба ақл оед;
эй доварони замин, таълим гиред!
11Худовандро бо тарс ибодат намоед,
ва бо ларз шодӣ кунед.
12Писарро иззат кунед, ки мабодо ба ғазаб ояд,
ва шумо дар роҳ нобуд шавед;
зеро ки ғазаби Ӯ зуд аланга хоҳад гирифт.
Хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд!

Currently Selected:

Забур 2: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in