Bible App logo
Search Icon

Забур 28

28
ТАРОНАИ БИСТУ ҲАШТУМ
Кибриёи Худо дар раъду барқ аст.
1Таронаи Довуд.
Худовандро васф гӯед, эй фарзандони Худо!
Дар шаъни Худованд васфи ҷалол ва қувватро бигӯед.
2Дар шаъни Худованд васфи ҷалоли исми Ӯро бигӯед;
ба Худованд дар шавкати қудсият саҷда кунед.
3Овози Худованд бар обҳост;
Худои ҷалол гулдуррос мезанад;
Худованд болои обҳои бисьёр аст.
4Овози Худованд пурқувват аст;
овози Худованд пуршукӯҳ аст.
5Овози Худованд арзҳоро мешиканад;
Худованд арзҳои Лубнонро мешиканад;
6Ва онҳоро мисли гӯсолае мерақсонад;
Лубнон ва Сирюнро мисли бачаи гови ваҳшӣ.
7Овози Худованд забонаҳои оташро чақмоқ мезанонад.
8Овози Худованд биёбонро меларзонад;
Худованд биёбони Қодешро меларзонад.
9Овози Худованд оҳуёнро ба дарди зоиш меандозад,
ва ҷангалҳоро бараҳна мекунад;
ва дар қасри Ӯ ҳама ҷалолро ба забон меоваранд.
10Худованд бар тӯфон нишаста буд;
ва Худованд бар тахти подшоҳӣ хоҳад нишаст то абад.
11Худованд қавми Худро қувват хоҳад бахшид;
Худованд ба қавми Худ дар роҳи сулҳу осоиштагӣ баракат хоҳад хост.

Currently Selected:

Забур 28: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in