Забур 24
24
ТАРОНАИ БИСТУ ЧОРУМ
Дуо дар бораи роҳҳои ростии Худо ва дар бораи марҳамат ба баргузидагон.
1Таронаи Довуд.
Сӯи Ту, эй Худованд, ҷонамро баланд мекунам.
2Эй Худои ман! Ба Ту таваккал кардаам,
хиҷил нахоҳам шуд,
душманонам бар ман тантана нахоҳанд кард;
3Ҳамаи умедворони Ту низ хиҷил нахоҳанд шуд;
онҳое ки бесабаб хиёнат мекунанд, хиҷил хоҳанд шуд.
4Роҳҳои Худро, эй Худованд, ба ман маълум намо,
тариқҳои Худро ба ман таълим деҳ.
5Ба ростии Худ маро ҳидоят намо, ва маро таълим деҳ,
зеро ки Ту Худои наҷоти ман ҳастӣ;
ҳар рӯз ба Ту умедворам.
6Худовандо! Марҳаматҳо ва эҳсонҳои Худро
ба ёд ор,
зеро ки онҳо аз азал буданд.
7Хатоҳои ҷавонӣ ва ҷиноятҳои маро ба ёд наор;
аз рӯи эҳсони Худ Ту маро ёд кун,
ба хотири меҳрубонии Худ, эй Худованд!
8Худованд некӯ ва росткор аст,
бинобар ин ба хатокорон роҳ нишон медиҳад,
9Ҳалимонро ба роҳи инсоф меандозад,
ва ба ҳалимон тариқи Худро таълим медиҳад.
10Ҳамаи роҳҳои Худованд марҳамат ва ростист,
барои онҳое ки аҳди Ӯ ва шаҳодоти Ӯро риоя мекунанд.
11Ба хотири исми Худ, эй Худованд,
гуноҳи маро биомурз, гарчанде ки бузург аст.
12Кист он касе ки аз Худованд метарсад?
Варо ӯ ба роҳе ки интихоб намудааст,
ҳидоят хоҳад кард.
13Ҷони вай дар некӣ сокин хоҳад шуд,
ва зурьёти вай вориси замин хоҳанд буд.
14Сирри Худованд бо тарсгорони Ӯст,
ва аҳди Худро ба онҳо маълум мекунад.
15Чашмонам ҳамеша сӯи Худованд аст,
зеро ки Ӯ пойҳои маро аз дом берун меоварад.
16Ба ман лутф намо, ва ба ман марҳамат намо,
зеро ки танҳо ва мискин ҳастам.
17Ғуссаҳои дилам афзудааст;
маро аз мусибатҳоям берун ор;
18Ба мискинӣ ва азоби ман назар кун,
ва ҳамаи хатоҳоямро биомурз.
19Ба душманонам назар андоз, ки чӣ қадар бисьёр шудаанд,
ва чӣ гуна кинаи шадиде ба ман меварзанд.
20Ҷонамро муҳофизат намо, ва маро халосӣ деҳ,
то хиҷил нашавам, зеро ки ба Ту паноҳ бурдаам.
21Бигзор беайбӣ ва росткорӣ нигаҳбони ман бошанд,
зеро ки ба Ту умед мебандам.
22Исроилро, эй Худованд,
аз ҳамаи тангиҳои вай раҳоӣ деҳ.
Currently Selected:
Забур 24: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.