Забур 23
23
ТАРОНАИ БИСТУ СЕЮМ
Тамоми дуньё аз они Худованд аст.
1Таронаи Довуд.
Замин ва ҳар чӣ дар он аст, дуньё ва сокинони он аз они Худованд аст;
2Зеро ки Ӯ онро бар баҳрҳо буньёд кардааст
ва бар дарьёҳо барқарор намудааст.
3Кист, ки ба кӯҳи Худованд барояд,
ва кист, ки дар мақоми муқаддаси Ӯ биистад?
4Каси покизадаст ва покдил,
ки ҷонаш ба орзуҳои беҳуда нигаронида нашуда бошад,
ва қасами дурӯғ нахӯрда бошад, —
5Баракат аз Худованд
ва хайр аз Худои наҷотдиҳандаи худ хоҳад ёфт.
6Ин аст насли толибони Ӯ,
толибони рӯи Ту, эй Худои Яъқуб! Село.
7Эй дарвозаҳо, сарҳои худро баланд кунед!
Ва эй дарҳои қадим, бардошта шавед!
Подшоҳи ҷалол меояд!
8Кист ин Подшоҳи ҷалол? —
Худованди қодир ва ҷаббор,
Худованде ки дар ҷанг ҷаббор аст.
9Эй дарвозаҳо, сарҳои худро баланд кунед!
Ва эй дарҳои қадим, бардошта шавед!
Подшоҳи ҷалол меояд!
10Кист Ӯ, ин Подшоҳи ҷалол? —
Худованди лашкарҳост,
ки Ӯ Подшоҳи ҷалол аст. Село.
Currently Selected:
Забур 23: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.