Забур 20
20
ТАРОНАИ БИСТУМ
Дуои шукрона барои наҷот.
1Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
2Худовандо, аз қуввати Ту подшоҳ хурсандӣ мекунад,
ва аз наҷоти Ту бисьёр шод мешавад.
3Муроди дилашро ба ӯ ато фармудаӣ,
ва талабҳои лабонашро рад накардаӣ. Село.
4Зеро ки ӯро бо баракатҳои хайрхоҳӣ пешвоз гирифтаӣ,
тоҷе аз зари холис бар сари ӯ гузоштаӣ.
5Аз Ту ҳаёт пурсид,
ба ӯ умри дароз бахшидаӣ то абад.
6Ҷалоли ӯ дар наҷоти Ту бузург аст;
шукӯҳ ва шавкат бар ӯ овардаӣ.
7Зеро ки баракатҳо то абад бар ӯ ниҳодаӣ,
бо шодии рӯи Худ ӯро шод кардаӣ;
8Зеро ки подшоҳ ба Худованд таваккал мекунад,
ва бо эҳсони Ҳаққи Таоло фурӯ нахоҳад ғалтид.
9Дасти Ту ҳамаи душманонатро хоҳад ёфт,
ямини Ту бадхоҳонатро хоҳад ёфт.
10Дар вақти хашми Худ онҳоро мисли танӯри оташ хоҳӣ кард;
Худованд дар ғазаби Худ онҳоро фурӯ хоҳад бурд,
ва оташ онҳоро хоҳад хӯрд.
11Самари онҳоро аз замин маҳв хоҳӣ кард,
ва зурьёти онҳоро аз миёни банӣ‐одам.
12Вақте ки онҳо қасди бадӣ бар Ту карданд,
ва дасисаҳо андешиданд,
онро натавонистанд ба амал оваранд.
13Онҳоро водор хоҳӣ кард, ки пушт гардонанд;
зеҳҳои камони Худро ба рӯи онҳо хоҳӣ кашид.
14Дар қуввати Худ, эй Худованд, сарафроз бош:
қудрати Туро тараннум хоҳем кард ва хоҳем сароид.
Currently Selected:
Забур 20: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.