Bible App logo
Search Icon

Забур 19

19
ТАРОНАИ НУЗДАҲУМ
Дуо дар бораи баракат.
1Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
2Бигзор туро Худованд дар рӯзи тангӣ иҷобат намояд,
исми Худои Яъқуб паноҳгоҳи ту бошад;
3Аз қудс ба ту мадад фиристад,
ва аз Сион ба ту ёварӣ намояд;
4Ҳамаи ҳадияҳои туро ба ёд оварад,
ва қурбонии сӯхтании туро бо ризомандӣ қабул кунад. Село.
5Бигзор муроди дилатро ба ту ато фармояд,
ва ҳамаи нақшаҳоятро ба иҷро расонад.
6Ба наҷоти ту тараннум менамоем,
ва ба исми Худои худ байрақ мебардорем.
Худованд ҳамаи талабҳоятро ба иҷро расонад.
7Ҳоло донистаам, ки Худованд масеҳи Худро наҷот медиҳад;
аз афлоки қудси Худ бо қудрати наҷотбахши
ямини Худ ӯро иҷобат менамояд.
8Баъзеҳо аробаҳоро ва баъзеҳо аспҳоро,
вале мо исми Худованд Худои худро зикр менамоем;
9Онҳо мағлуб шуда, афтодаанд,
вале мо бархоста, рост истодаем.
10Худовандо! Подшоҳро наҷот деҳ,
ва дар рӯзе ки бихонем, моро иҷобат намо.

Currently Selected:

Забур 19: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in