Забур 21
21
ТАРОНАИ БИСТУ ЯКУМ
Таронаи пайғамбаронаи Довуд дар бораи азобу уқубати Исо, ҷалоли Ӯ ва дар бораи хизмати абадии баргузидагон барои Ӯ.
1Барои сардори муғанниён. Дар шаъни шафақи субҳ. Таронаи Довуд.
2Худои ман! Худои ман! Чаро маро тарк кардаӣ?
Аз наҷотам ва аз суханони фиғонам дур ҳастӣ.
3Эй Худои ман! Рӯзона мехонам, ва маро иҷобат намекунӣ,
шабона низ, ва маро оромӣ нест.
4Вале Ту, эй Қуддус,
бар ҳамду саноҳои Исроил нишастаӣ.
5Падарони мо ба Ту таваккал мекарданд;
таваккал мекарданд, ва онҳоро раҳоӣ медодӣ;
6Сӯи Ту фарьёд мекашиданд ва халосӣ меёфтанд;
ба Ту таваккал мекарданд ва хиҷил намешуданд.
7Валекин ман кирм ҳастам, ва на одамизод;
нанги мардумон ҳастам ва нафратзадаи қавм.
8Ҳар кӣ маро бинад, тамасхур мекунад;
лаб мекушоянд, сар меҷунбонанд:
9«Ба Худованд таваккал карда буд, ӯро раҳо кунад;
агар дилхоҳаш бошад, ӯро наҷот диҳад».
10Аммо Ту маро аз шикам берун овардаӣ,
бар пистони модарам эмин доштаӣ.
11Аз батн бар Ту партофта шудаам;
аз шиками модарам Ту Худои ман ҳастӣ.
12Аз ман дур набош, зеро ки тангӣ наздик аст,
ва мададгоре нест.
13Говони бисьёре маро иҳота кардаанд,
говмешони Бошон даври маро гирифтаанд,
14Даҳони худро бар ман воз кардаанд,
мисли шере ки медарад ва наъра мезанад.
15Мисли об пош хӯрдаам;
ҳамаи устухонҳоям аз ҳам ҷудо шудааст;
дилам чун мум гардида, андаруни амъоям гудохта шудааст.
16Қувватам мисли сафол хушкидааст,
забонам ба комам часпидааст,
ва маро бар хоки мамот ниҳодаӣ.
17Зеро ки сагон маро иҳота кардаанд;
тӯдаи бадкешон гирди маро ҳамчун шере гирифта,
дастҳо ва пойҳоямро маҷрӯҳ карданд.
18Ҳамаи устухонҳоямро мешуморам,
лекин онҳо тамошокунон аз ман ниқор мегиранд.
19Сару либоси маро дар миёни худ тақсим мекунанд
ва бар пероҳани ман қуръа мепартоянд.
20Валекин Ту, эй Худованд, дур набош.
Эй қуввати ман, ба мадади ман шитоб кун.
21Ҷонамро аз шамшер халос кун,
ягонаамро аз дасти сагон.
22Маро аз даҳони шер наҷот деҳ, ва иҷобат намуда,
аз шохҳои говони ваҳшӣ халос кун.
23Исми Туро ба бародаронам шӯҳрат хоҳам дод,
дар миёни ҷамоат Туро мадҳ хоҳам кард.
24Эй тарсгорони Худо, Ӯро мадҳ кунед!
Эй тамоми насли Яъқуб, Ӯро ҷалол диҳед!
Ва эй тамоми насли Исроил, аз Ӯ тарсон бошед!
25Зеро ки Ӯ мазлумияти камбағалро ҳақир ва хор намешуморад,
ва рӯи Худро аз вай пинҳон надошт,
балки, чун сӯи Ӯ истиғоса бурд, варо иҷобат намуд.
26Ҳамду санои ман дар ҷамоати бузург аз Туст.
Назрҳоямро пеши тарсгорони Ӯ адо хоҳам кард.
27Бигзор ҳалимон бихӯранду сер шаванд;
толибони Худованд Ӯро мадҳ кунанд;
дилҳои шумо то абад зинда бод.
28Тамоми ақсои замин Худовандро зикр намуда, сӯи Ӯ руҷӯъ хоҳанд кард,
ва ҳамаи қабилаҳои халқҳо пеши Ту саҷда хоҳанд кард,
29Зеро ки салтанат аз они Худованд аст,
ва Ӯ бар халқҳо ҳукмфармост.
30Ҳамаи танумандони замин хӯрда, саҷда хоҳанд кард;
ҳар кӣ ба хок мефурояд ва ҷони худро зинда карда наметавонад, пеши Ӯ зону хоҳад зад.
31Зурьёташон Ӯро ибодат хоҳанд намуд,
корномаҳои Худовандро ба насли баъдина ривоят хоҳанд кард;
32Онҳо омада, адолати Ӯро, ки ба амал овардааст,
ба қавме ки таваллуд хоҳад шуд, нақл хоҳанд кард.
Currently Selected:
Забур 21: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.