Забур 1
1
ТАРОНАИ ЯКУМ
Хушбахтии одилон ва ҳалокати шарирон.
1Хушо касе ки ба машварати шарирон намеравад,
ва дар тариқи хатокорон намеистад,
ва дар маҷлиси масхарабозон наменишинад;
2Фақат ба шариати Худованд шавқ дорад,
ва рӯзу шаб Тавроти Ӯро меомӯзад;
3Ва мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст,
ва меваи худро дар мавсимаш медиҳад,
ва баргаш пажмурда намешавад,
ва ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт.
4Шарирон чунин нестанд,
балки монанди пари коҳанд,
ки онро бод пароканда мекунад.
5Бинобар ин шарирон дар рӯзи бозхост нахоҳанд бархост;
хатокорон низ дар ҷамоати одилон,
6Зеро ки Худованд тариқи одилонро медонад,
вале роҳи шарирон сӯи адам хоҳад бурд.
Currently Selected:
Забур 1: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.