Забур 18
18
ТАРОНАИ ҲАЖДАҲУМ
Тамоми дуньё ҷалол, кибриё ва адолати Худоро эълон менамояд.
1Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
2Осмонҳо ҷалоли Худоро эълон мекунанд,
ва фалак аз амали дастҳои Ӯ хабар медиҳад.
3Рӯз бо рӯз сухан мегӯяд,
ва шаб бо шаб фикр изҳор мекунад.
4На гуфтор аст, на сухан;
овози онҳо ба гӯш намерасад.
5Садои онҳо ба тамоми замин меравад,
ва каломи онҳо то ақсои дуньё.
Дар онҳо Ӯ барои офтоб хаймае барпо намудааст,
6Ва он мисли домод аз ҳаҷлаи худ берун меояд,
мисли паҳлавон аз тай кардани роҳаш шод мешавад:
7Баромадани он аз як канори осмон аст,
ва гардиши он то канори дигар аст,
ва ҳеҷ чиз аз гармии он пинҳон нест.
8Тавроти Худованд комил аст, ба кас ҷон мебахшад;
шаҳодати Худованд боэътимод аст, нодонро доно мегардонад.
9Фармудҳои Худованд ҳақ аст, дилро шод мекунад;
аҳкоми Худованд равшан аст, чашмро мунаввар месозад.
10Тарси Худованд пок аст, то абад мемонад.
Дастурҳои Худованд рост аст, ҳамааш ҳаққонист;
11Аз тилло ва аз зари холиси бисьёр марғубтар аст,
ва аз асал ва қатраҳои шираи орухона ширинтар аст.
12Бандаи Ту низ дар онҳо эҳтиёт мешавад:
дар риояи онҳо подоши бузурге ҳаст.
13Кист, ки саҳвҳоро фаҳмида тавонад?
Маро аз хатоҳои пӯшидаам пок намо,
14Аз бадқасдон низ бандаи Худро нигоҳ дор,
то ки бар ман ҳукмфармо нашаванд.
Он гоҳ ман беайб ва аз ҷинояти азим пок хоҳам буд.
15Бигзор суханони даҳонам
ва андешаи дилам писандидаи Ту бошад,
эй Худованд, ки кӯҳпораи ман ва раҳокунандаи ман ҳастӣ!
Currently Selected:
Забур 18: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.