Забур 17
17
ТАРОНАИ ҲАФДАҲУМ
Суруди ҳамду сано дар шаъни Худо,
ки Наҷотдиҳанда аз ҳамаи душманон мебошад.
1Барои сардори муғанниён. Суруди бандаи Худованд Довуд, ки суханони ин сурудро ба Худованд гуфт, дар рӯзе ки Худованд ӯро аз панҷаи ҳамаи душманонаш ва аз дасти Шоул халос кард. Ва ӯ гуфт:
2Туро, эй Худованд, эй қуввати ман, дӯст медорам!
3Худованд сахраи ман аст, ва қалъаи ман,
ва раҳокунандаи ман;
Худои ман кӯҳпораи ман аст; ба Ӯ паноҳ мебарам;
Ӯ сипари ман аст, ва шохи наҷоти ман, ва паноҳгоҳи ман.
4Худовандро мамдӯҳ хоҳам хонд,
ва аз душманонам наҷот хоҳам ёфт.
5Камандҳои мамот бар ман печида буд,
ва селобҳои мӯҳлик маро ба ҳарос андохта буд;
6Азобҳои гӯр маро иҳота карда буд,
домҳои мамот пеши роҳи маро гирифта буд.
7Дар тангии худ Худовандро хондам,
ва ба Худои худ истиғоса бурдам.
Овозамро аз қасри Худ шунид,
ва истиғосае ки пеши Ӯ бурдам, ба гӯшаш расид.
8Ва замин ба зилзила ва раъша омад,
ва пояҳои кӯҳҳо биларзид ва биҷунбид,
зеро ки Ӯ дарғазаб шуд;
9Аз димоғи Ӯ дуд баромад,
ва аз даҳонаш оташи оламсӯз;
ахгарҳои сӯзон аз Ӯ пайдо шуд.
10Ва осмонро хамонида, нузул кард,
ва абри сиёҳ зери пойҳои Ӯ буд.
11Ва бар каррубӣ савор шуда, парид,
ва бар болҳои бод парвоз кард.
12Торикиро пардаи Худ,
хаймаи гирдогирди Худ бисохт,
ки торикии обҳо ва абрҳои осмон буд.
13Аз дурахшонӣ пеши Ӯ абрҳояш мешитофтанд,
бо жола ва ахгарҳои оташ.
14Ва Худованд дар осмон гулдуррос зад,
ва Ҳаққи Таоло овози Худро бидод,
бо жола ва ахгарҳои оташ.
15Ва тирҳои Худро фиристода, онҳоро пароканда намуд,
ва барқҳо андохта, онҳоро ҳаросон кард.
16Ва маҷроҳои об намудор шуд,
ва пояҳои дуньё аз итоби Ту, эй Худованд,
аз вазиши боди димоғи Ту ошкор гардид.
17Аз афроз дасти ёрӣ дароз карда, маро баргирифт,
аз обҳои бисьёр маро берун кашид;
18Аз душмани пурзӯрам ва аз бадхоҳонам,
ки аз ман тавонотар буданд, маро халос кард.
19Дар рӯзи мусибатам бар ман пешдастӣ карданд,
валекин Худованд муттакои ман буд.
20Ва маро ба вусъатобод баровард, маро раҳо кард,
зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ӯ бар ман аст.
21Худованд аз рӯи адолатам маро мукофот кард,
мувофиқи покии дастҳоям ба ман подош дод,
22Зеро ки роҳҳои Худовандро нигоҳ доштаам,
ва аз пеши Худои худ ба шарорат дода нашудаам;
23Зеро ки ҳамаи дастурҳои Ӯ пеши назари ман аст,
ва фароизи Ӯро аз худам дур накардаам.
24Ва пеши Ӯ беайб будам,
ва ҳазар менамудам, ки гуноҳе накунам.
25Ва Худованд аз рӯи адолатам,
мувофиқи покии дастҳоям пеши чашмони Ӯ, ба ман подош дод.
26Бо некӯкор Ту некӯкорона рафтор мекунӣ,
бо марди ростдил ростдилона,
27Бо покдил — покдилона
ва бо каҷрав — каҷравона.
28Зеро ки Ту мардуми ҳалимро наҷот медиҳӣ,
ва чашмони ҳавобаландро паст мекунӣ.
29Зеро ки Ту, эй Худованд, чароғи маро дармегиронӣ:
Худои ман торикии маро равшан мекунад;
30Зеро ки бо Ту ба қӯшуне тохт меоварам,
ва бо Худои худ аз ҳисорҳо ҷаста мегузарам.
31Тариқи Худо комил аст,
сухани Худованд покиза аст;
Ӯ барои ҳамаи паноҳбарони Худ сипар аст.
32Зеро кист Худо, ҷуз аз Худованд?
Ва кист кӯҳпора, ғайр аз Худои мо?
33Худо камари маро бақувват мебандад,
ва роҳи маро рост мегардонад.
34Пойҳои маро мисли оҳувон мегардонад,
ва бар баландиҳоям маро ба по мехезонад;
35Дастҳои маро ҷанг меомӯзад,
ва бозувонам камони мисинро ӯҳда карда метавонад.
36Ва сипари наҷоти Худро ба ман ато фармудаӣ,
ва ямини Ту маро дастгирӣ мекунад,
ва ҳилми Ту маро бузург мегардонад.
37Қадами маро зери ман вусъат медиҳӣ,
ва пойҳоям намелағҷад.
38Душманонамро таъқиб менамоям ва ба онҳо рафта мерасам,
ва то онҳоро маҳв накунам, барнамегардам;
39Онҳоро зада пахш мекунам, ва онҳо хеста наметавонанд;
зери пойҳои ман меафтанд;
40Зеро ки камари маро барои ҳарбу зарб бақувват бастаӣ,
ва мухолифонамро зери поям андохтаӣ.
41Душманонамро дар гурез андохтаӣ,
ва ман бадхоҳонамро маҳв мекунам:
42Онҳо истиғоса мебаранд, валекин наҷотдиҳандае нест;
Худовандро мехонанд, аммо Ӯ онҳоро иҷобат намекунад;
43Онҳоро чун ғуборе пеши бод соида пош медиҳам,
чун лои кӯчаҳо онҳоро поймол мекунам.
44Маро аз ҷангу ҷидоли қавм раҳо кардаӣ, сари халқҳо гардондаӣ;
қавме ки намешинохтамаш,
ба ман хизмат мекунад;
45Фақат овозаи маро шунида, ба ман тобеъ мешаванд;
аҳли ғайр ба ман тамаллуқ мегӯянд;
46Аҳли ғайр пажмурдаҳол мешаванд
ва аз истеҳкомоти худ бо тарсу ларз мебароянд.
47Худованд Ҳай аст, ва кӯҳпораи ман муборак аст,
ва Худои наҷоти ман сарафроз бод, —
48Худое ки интиқоми маро мегирад
ва қавмҳоро зердасти ман мегардонад.
49Маро аз душманонам раҳо кардаӣ,
аз мухолифонам баланд бардоштаӣ,
аз золим халосӣ додаӣ.
50Бинобар ин Туро, эй Худованд,
дар миёни халқҳо ҳамду сано хоҳам гуфт
ва исми Туро хоҳам сароид.
51Ӯ ба подшоҳи Худ зафарҳои бузурге мебахшад,
ва ба масеҳи Худ эҳсон мекунад,
яъне ба Довуд ва ба зурьёти вай то абад.
Currently Selected:
Забур 17: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.