Bible App logo
Search Icon

Забур 16

16
ТАРОНАИ ШОНЗДАҲУМ
Дуо дар бораи халосӣ додан аз душманон.
1Дуои Довуд.
Эй Худованд, адолатро бишнав, тазаррӯи маро иҷобат намо,
ба дуои ман, ки аз лабони бемакр берун меояд, гӯш андоз.
2Бигзор ҳукмномаи ман аз ҳузури Ту барояд:
чашмони Ту ростбин аст.
3Диламро имтиҳон кардӣ, шабона тафаққуд намудӣ,
маро озмудӣ, ва чизе наёфтӣ:
андешаи баде надорам, ки ба забон оварда натавонам.
4Дар амалиёти инсонӣ, мувофиқи каломи лабони Ту,
худро аз роҳҳои золим нигоҳ доштам.
5Қадамҳоямро дар роҳҳои Худ қоим гардон,
то ки пойҳоям налағҷад.
6Ман Туро мехонам, зеро ки Ту, эй Худо, маро иҷобат менамоӣ;
гӯши Худро сӯи ман хам намо ва суханамро бишнав.
7Эҳсонҳои аҷоиби Худро бинамо,
эй Наҷотдиҳандаи паноҳбарон аз онҳое
ки бар зидди ямини Ту қиём мекунанд.
8Ҳамчун гавҳараки чашм маро нигаҳбонӣ намо;
дар сояи болҳои Худ маро пинҳон бикун
9Аз шарироне ки ба ман ситам мекунанд, —
аз душманони қасди ҷонам, ки маро иҳота менамоянд.
10Амъояшон чарбу баста,
даҳонашон суханони мағрурона мегӯяд.
11Дар ҳар қадамамон алҳол моро иҳота мекунанд;
чашмони худро дӯхтаанд, то ки маро ба замин ғалтонанд;
12Вай мисли шерест, ки ба даридан ҳарис бошад,
ва мисли шери ҷавонест, ки дар камингоҳ нишаста бошад.
13Бархез, эй Худованд, аз вай пешдастӣ карда,
варо мағлуб намо, ҷонамро аз шарир бо шамшерат бираҳон,
14Яъне аз сафилон бо дасти Худ, эй Худованд;
аз сафилони дуньё, ки аз ин зиндагӣ баҳраманданд,
ва ганҷинаи Ту шиками онҳоро пур мекунад;
фарзандҳошон низ сер шуда,
бақияи онро ба бачагони худ мемонанд.
15Ман дар адолат рӯи Туро хоҳам дид;
чун бедор шавам, аз сурати Ту сер хоҳам шуд.

Currently Selected:

Забур 16: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in