Bible App logo
Search Icon

Забур 15

15
ТАРОНАИ ПОНЗДАҲУМ
Дуои Довуд дар бораи он ки Худованд ӯро дар миёни баргузидагон маҳфуз дорад ва сазовори ҳаёти ҷовидонӣ гардонад.
1Суруди Довуд.
Маро нигаҳбонӣ намо, эй Худо, зеро ки ба Ту паноҳ мебарам.
2Ба Худованд гуфтам: Ту Худованди ман ҳастӣ;
некӯӣ барои ман ҷуз аз Ту нест.
3Ба муқаддасон низ, ки дар мамлакат ҳастанд,
ва ба нерумандон — тамоми иштиёқи ман дар онҳост.
4Кулфатҳои онҳое ки худои дигареро мепарастанд, афзун хоҳад шуд;
қурбониҳои рехтании хунини онҳоро нахоҳам рехт,
ва номҳои онҳоро ба забон нахоҳам овард.
5Худованд ҳиссаи насибаи ман ва косаи ман аст;
Ту қуръаи маро нигоҳ доштаӣ.
6Марзаҳои ман ба мақомҳои хуш афтодааст,
ва мероси зебое ба ман расидааст.
7Худовандро муборак мехонам, ки Ӯ маро ҳидоят намудааст;
шабҳо низ ботинам маро меомӯзад.
8Ҳамеша Худовандро пеши назари худ мебинам,
зеро ки Ӯ ба ямини ман аст; фурӯ нахоҳам ғалтид.
9Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва рӯҳам ба ваҷд омад;
ҷисмам низ дар осудагӣ сокин хоҳад шуд;
10Зеро ки Ту ҷони маро дар дӯзах нахоҳӣ андохт;
нахоҳӣ гузошт, ки Куддуси Ту фаноро бубинад.
11Тариқи ҳаётро ба ман биомӯз:
камоли шодиҳо ба ҳузури Туст,
ва хушиҳо ба ямини Туст то абад.

Currently Selected:

Забур 15: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in