Забур 14
14
ТАРОНАИ ЧОРДАҲУМ
Некӯкории баргузидагон.
1Таронаи Довуд.
Худовандо! Кист, ки дар хаймаи Ту иқомат намояд?
Кист, ки дар кӯҳи муқаддаси Ту сокин шавад?
2Касе ки дар рафтораш беайб бошад, ва аз рӯи адолат амал кунад,
ва дар дили худ ростгӯй бошад;
3Бо забони худ бӯҳтон назанад, ба ёри худ бадӣ накунад,
ва ақрабои худро таҳқир нанамояд;
4Манфур дар назараш разил бошад,
валекин тарсгорони Худовандро иззат кунад;
қасамаш ба зарари худаш бошад ҳам, онро тағьир надиҳад;
5Пули худро ба фоида надиҳад,
ва бар зидди бегуноҳ ришва нагирад, —
касе ки чунин рафтор мекунад, то абад фурӯ нахоҳад ғалтид.
Currently Selected:
Забур 14: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.