Bible App logo
Search Icon

Забур 13

13
ТАРОНАИ СЕЗДАҲУМ
Нокасии шарирон.
Ваъдаи халосӣ ба баргузидагон.
1Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
Нокас дар дили худ гуфт: «Худо нест».
Онҳо фосид шудаанд, корҳои зишт кардаанд;
некӯкоре нест.
2Худованд аз осмон ба банӣ‐одам назар андохт,
то бубинад, ки оё касе соҳибфаҳм ва толиби Худо ҳаст?
3Ҳама рӯй тофтаанд, бо ҳамдигар фосиқ шудаанд;
некӯкоре нест, як нафар ҳам нест.
4Оё ҳамаи бадкирдорон фаҳм намекунанд,
ки қавми маро мехӯранд, чунон ки нон мехӯранд?
Худовандро нахондаанд.
5Он вақт сахт ҳаросон шуданд,
зеро ки Худованд дар насли одилон зоҳир гардидааст.
6Шумо рои ҳалимонро тамасхур кардед,
аммо Худованд пуштибони онҳост.
7Кошки наҷоти Исроил аз Сион ба амал ояд!
Вақте ки Худованд асирони қавми Худро баргардонад,
Яъқуб хурсанд ва Исроил шод хоҳад шуд.

Currently Selected:

Забур 13: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in