Bible App logo
Search Icon

Забур 12

12
ТАРОНАИ ДУВОЗДАҲУМ
Андӯҳ дар бораи даранг кардани мадади Худо.
1Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
2То ба кай, эй Худованд, маро доим фаромӯш мекунӣ?
То ба кай рӯи Худро аз ман пинҳон медорӣ?
3То ба кай дар ҷонам андешаҳои ҳузнангез
ва дар дилам ҳар рӯз ғаму ғусса дошта бошам?
То ба кай душманам бар ман дастболо бошад?
4Назар афканда, маро иҷобат намо, эй Худованд Худои ман!
Чашмонамро равшан бикун, ки мабодо хоби марг равам;
5Мабодо душманам гӯяд: «Аз вай зӯр баромадам»;
ва адуёнам шодӣ кунанд, вақте ки ман фурӯ ғалтам.
6Валекин ман ба эҳсони Ту таваккал менамоям;
дилам дар наҷоти Ту шодӣ мекунад;
дар шаъни Худованд суруд мехонам,
зеро ки Ӯ ба ман таваҷҷӯҳ намудааст.

Currently Selected:

Забур 12: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in