Bible App logo
Search Icon

Забур 11

11
ТАРОНАИ ЁЗДАҲУМ
Дуо дар бораи наҷот додани одилон аз дасти шарирон.
1Барои сардори муғанниён бар сози ҳашттор. Таронаи Довуд.
2Наҷот деҳ, эй Худованд, зеро ки порсо боқӣ намондааст;
зеро ки аз миёни банӣ‐одам аминон нест шудаанд.
3Ҳар яке ба ёри худ суханони ботил мегӯяд;
лабони пуртамаллуқ аз дили мунофиқ сухан меронанд.
4Худованд ҳамаи лабони пуртамаллуқро нест хоҳад кард,
ва ҳар забонеро, ки ҳавобаландона сухан меронад,
5Яъне онҳоеро, ки мегӯянд: «Бо забони худ зӯр мебароем,
лабони мо бо мост; кист, ки бар мо оғо бошад?»
6Аз боиси тороҷи камбағалон ва оҳу фиғони мискинон алҳол қиём мекунам,
мегӯяд Худованд, ва он касеро, ки гирифтори доми найранг аст, наҷот медиҳам.
7Суханони Худованд суханони покиза аст, нуқраест,
ки дар кӯра аз хок тоза карда ва ҳафт карат гудохта шудааст.
8Ту, эй Худованд, онҳоро нигаҳбонӣ хоҳӣ кард,
аз ин насл то абад муҳофизат хоҳӣ намуд.
9Шарирон дарбадар гардиш хоҳанд кард,
вақте ки одамони залил баланд мешаванд.

Currently Selected:

Забур 11: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in