Bible App logo
Search Icon

Айюб 42

42
БОБИ ЧИЛУ ДУЮМ
Ҳукмномаи Айюб дар ҳаққи худи ӯ.
1Ва Айюб ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт:
2«Медонам, ки ҳар кор аз дасти Ту меояд,
ва нияти Туро боздоштан мумкин нест.
3„Он кист, ки машваратро бемаънӣ пинҳон мекунад?“
Ба яқин, ман дар бораи чизҳое ки фаҳм накардаам, фикр баён намудаам,
дар бораи корҳои аҷоибе ки аз ақли ман берун аст, ва ман онҳоро намедонам.
4„Канӣ, бишнав, ва ман сухан хоҳам ронд:
ман ба Ту савол хоҳам дод, ва Ту ба ман бифаҳмон“.
5То ҳол ман овозаи Туро шунида будам,
ва акнун чашмонам Туро дидааст,
6Бинобар ин аз суханонам нафрат дорам,
ва дар хок ва хокистар пушаймон мешавам».
Хотима: Айюб сафед шуда, сазовори шараф гардид.
7Ва воқеъ шуд баъд аз он ки Худованд ин суханонро ба Айюб гуфт, Худованд ба Алифози Темонӣ чунин гуфт: «Ғазаби Ман бар ту ва бар ду дӯсти ту оташ гирифтааст, чунки дар бораи Ман мисли бандаи Ман Айюб сухани дуруст нагуфтед.
8Ва акнун барои худ ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқор бигиред, ва назди бандаи Ман Айюб биравед, ва барои худ қурбонии сӯхтанӣ бароваред, ва бандаи Ман Айюб барои шумо дуо хоҳад гуфт, зеро ки фақат рӯи ӯро иҷобат хоҳам намуд, бе он ки ба шумо бадӣ бикунам, чунки дар бораи Ман мисли бандаи Ман Айюб сухани дуруст нагуфтед».
9Ва Алифози Темонӣ ва Билдоди Шуҳӣ ва Сӯфори Наъмотӣ рафтанд, ва он чи Худованд ба онҳо фармуд, ба ҷо оварданд, ва Худованд рӯи Айюбро иҷобат намуд.
10Ва Худованд Айюбро ба вазъияти пештараи ӯ баргардонид, вақте ки ӯ барои дӯстони худ дуо гуфт; ва Худованд ба Айюб ҳар он чи пештар дошт, дучандон зиёд кард.
11Ва ҳамаи бародарони ӯ ва ҳамаи хоҳарони ӯ ва ҳамаи ошноҳои пештараи ӯ назди ӯ омаданд, ва дар хонаи ӯ бо ӯ нон хӯрданд, ва дар бораи тамоми мусибате ки Худованд ба сари ӯ оварда буд, ба ӯ ҳамдардӣ изҳор намуда, ӯро тасаллӣ доданд, ва ҳар кас ба ӯ як қсито#42:11 Қсито — сиккаи қадимӣ, ки аз микдори муайяни нуқра иборат буда, бар рӯяш нақши гӯсфанд дошт. ва як ҳалқаи тилло дод.
12Ва Худованд охири Айюбро бештар аз аввали ӯ баракат дод, ва ӯро чордаҳ ҳазор бузу гӯсфанд ва шаш ҳазор шутур ва ҳазор ҷуфт гов ва ҳазор модахар буд.
13Ва ӯро ҳафт писар ва се духтар буд.
14Ва духтари якумро Емимо, ва дуюмро Қесио, ва сеюмро Қерен‐Ҳаппух ном ниҳод.
15Ва дар тамоми замин мисли духтарони Айюб занони хушлиқо ёфт намешуданд, ва падарашон ба онҳо дар миёни бародаронашон мерос дод.
16Ва баъд аз он Айюб саду чил сол зиндагӣ кард, ва фарзандони худ ва фарзандони фарзандони худро то насли чорум дид.
17Ва Айюб пир ва солхӯрда шуда, вафот ёфт.

Currently Selected:

Айюб 42: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in