Масалҳо 31
31
БОБИ СИЮ ЯКУМ
Суханони подшоҳ Лемуил.
1Суханони Лемуил, подшоҳи Массо, ки модараш ба ӯ таълим додааст:
2Эй писарам,
ва эй писари батнам,
ва эй писари назрҳоям!
3Қуввати худро ба занон надеҳ,
ва роҳҳои худро ба он чи подшоҳонро маҳв мекунад.
4Подшоҳонро шоиста нест, эй Лемуил,
подшоҳонро шоиста нест, ки шароб нӯшанд,
ва миронро, ки бӯза талаб кунанд:
5Мабодо бинӯшанд ва қонунро фаромӯш кунанд,
ва доварии тамоми аҳли фақрро таҳриф намоянд.
6Бӯзаро ба гирифтори ҳалокат бидеҳ,
ва шаробро — ба ҷонҳои талхком.
7Бигзор вай нӯшида, бенавоии худро фаромӯш кунад,
ва азоби худро дигар ба ёд наоварад.
8Даҳони худро барои безабон воз кун,
ва барои даъвои тамоми аҳли эҳтиёҷ.
9Даҳони худро барои адлу инсоф воз кун,
ва барои даъвои бенаво ва мискин.
10Зани солеҳаро кист, ки тавонад биёбад?
Баҳои вай аз ҷавоҳир гаронтар аст.
11Шавҳари вай аз вай дилпур аст,
ва ғанимати ӯ камӣ нахоҳад кард.
12Вай тамоми айёми умри худ
ба ӯ некӣ мекунад, ва на бадӣ.
13Пашм ва катон пайдо мекунад,
ва бо шавқу ҳавас бо дастҳои худ кор мекунад.
14Вай мисли киштиҳои тоҷирон аст:
хӯроки худро аз дур ёфта меоварад.
15Ва ҳангоме ки ҳанӯз шаб аст,
вай бархоста, ба аҳли байти худ хӯрок
ва ба канизони худ ротиба медиҳад.
16Ба фикри киштзор афтода, онро мехарад;
аз самари дастҳои худ ниҳолҳои ток мешинонад.
17Камари худро маҳкам мебандад,
ва дасту остин бармезанад.
18Чун мебинад, ки доду муомилай вай хуб аст,
чароғи вай шабона хомӯш намешавад.
19Дастҳои худро сӯи чархи ресмонресӣ дароз мекунад,
ва кафҳои вай дугро нигоҳ медорад.
20Кафи худро барои бенаво мекушояд,
ва дастҳои худро сӯи мискин дароз мекунад.
21Оид ба аҳли байти худ аз барф наметарсад,
чунки тамоми аҳли байти вай либоси пашмин пӯшидаанд.
22Барои худ қолинҳо мебофад;
катон ва арғувон пероҳани вай аст.
23Шавҳари вай назди дарвозаҳо машҳур аст,
вақте ки бо пирони сарзамин менишинад.
24Вай яктакҳои катон дӯхта мефурӯшад,
ва камарбандҳо ба тоҷирон медиҳад.
25Қувват ва шавкат пероҳани вай аст,
ва оид ба рӯзи оянда вай механдад.
26Даҳони худро ба ҳикмат мекушояд,
ва таълими ҳалимона бар забони вай аст.
27Ба рӯзгори хонаи худ назорат мекунад,
ва нони коҳилиро намехӯрад.
28Фарзандони вай бархоста,
ба вай аҳсан мегӯянд, шавҳари вай низ варо ситоиш мекунад:
29«Духтарони бисьёр корҳои нек кардаанд,
вале ту аз ҳамаи онҳо бартарӣ дорӣ».
30Латофат назарфиреб ва ҳусну ҷамол ҳеҷу пуч аст;
зане ки аз Худованд метарсад, сазовори ситоиш аст.
31Ба вай аз самари дастҳои вай бидиҳед,
ва бигзор корҳояш варо назди дарвозаҳо ҳамд гӯяд!
Currently Selected:
Масалҳо 31: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.