YouVersion Logo
Search Icon

Воиз 1

1
БОБИ ЯКУМ
Ҳама чиз ҳеҷу пуч аст.
1Суханони Воиз ибни Довуд, ки дар Ерусалим подшоҳ буд.
2Ҳеҷу пуч аст, гуфт Воиз,
ҳеҷу пуч аст, ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!
3Чӣ суд аст барои одамизод аз тамоми меҳнате ки дар таҳти офтоб мекунад?
Далел ин аст, ки ҳама чиз гузашта меравад.
4Насле меравад, ва насле меояд,
вале замин то абад меистад.
5Офтоб тулӯъ мекунад, ва офтоб ғуруб мекунад,
ва ба макони худ, ки он ҷо вай тулӯъ мекунад, мешитобад.
6Бод сӯи ҷануб меравад
ва сӯи шимол чарх мезанад;
бод чарх зада‐чарх зада меравад
ва ба доираҳои чархзании худ бармегардад.
7Ҳамаи наҳрҳо сӯи баҳр ҷорӣ мешаванд,
вале баҳр пур намешавад;
ба маконе ки наҳрҳо аз он ҷо ҷорӣ мешаванд,
онҳо бармегарданд, то ки аз нав ҷорӣ шаванд.
8Ҳамаи чизҳо дилгиркунанда аст;
касе наметавонад инро ифода намояд,
чашм аз дидан сер намешавад,
ва гӯш аз шунидан пур намешавад.
9Он чи буд, ҳамон аст, ки хоҳад буд;
ва он корҳое ки карда шуд, ҳамон аст, ки карда хоҳад шуд,
ва ҳеҷ чизи тозае дар таҳти офтоб нест.
10Баъзан дар бораи чизе мегӯянд:
«Бубин, ана ин тоза аст!»
Аммо дар асрҳои қадиме ки пеш аз мо буд,
он чиз вуҷуд дошт.
11Зикре аз гузаштагон нест,
ва низ аз ояндагон, ки меоянд, зикре нахоҳад буд назди онҳое ки баъдтар хоҳанд омад.
Сарфи назар аз ҳикмат ва дониш шарорат мавҷуд аст.
12Ман, Воиз, дар Ерусалим подшоҳ бар Исроил будам;
13Ва дили худро ба он ниҳодам, ки ҳар кореро, ки дар таҳти осмон карда мешавад, бо ҳикмат тадқиқ ва тафтиш намоям; ин шуғли нохуш аст, ки Худо насиби банӣ‐одам кардааст, то ки аз он азият кашанд.
14Ҳамаи корҳоеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дидам, ва инак, ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!
15Он чи каҷ аст, наметавонад рост шавад, ва он чи каму кост аст, наметавонад ба шумор биёяд.
16Ман бо дили худ сухан ронда, гуфтам: «Инак, ман бузург шудам, ва бештар аз ҳар касе ки пеш аз ман бар Ерусалим буд, ҳикмат зиёд кардам, ва дили ман ҳикмат ва донишро бисьёр дид».
17Ва дили худро ба донистани ҳикмат ва шинохтани фисқу фуҷур ва ҳамоқат ниҳодам; вале фаҳмидам, ки ин низ бод паймудан аст.
18Зеро ки ба қадри афзудани ҳикмат ғусса меафзояд, ва ҳар кӣ донишро зиёд кунад, азобро зиёд мекунад.

Currently Selected:

Воиз 1: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in