YouVersion Logo
Search Icon

Масалҳо 30

30
БОБИ СИЮМ
Суханони ҳикматноки Огур.
1Суханони Огур ибни Ёқеи Массоӣ.
Гуфтори ин мард ба Итиэл, ба Итиэл ва Ухол:
2Яқинан, ман аз ҳар кас ҷоҳилтар ҳастам,
ва хиради одамӣ дар ман нест.
3Ва ҳикмат наомӯхтаам,
то ки шинохтани Қуддусро бидонам.
4Кист, ки ба осмон сууд кард ва аз он ҷо нозил шуд?
Кист, ки бодро дар мушти худ ҷамъ кард?
Кист, ки обро дар пероҳан банд кард?
Кист, ки тамоми ақсои заминро барқарор кард?
Номи ӯ чист ва номи писари ӯ чист? Оё медонӣ?
5Ҳар сухани Худо покиза аст;
Ӯ барои онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд, сипар аст.
6Ба суханони Ӯ чизе илова накун:
мабодо туро мазаммат намояд, ва ту дурӯғгӯй шавӣ.
7Ду чиз аз Ту мепурсам; онҳоро барои ман,
пеш аз он ки бимирам, манъ нанамо:
8Ҳеҷу пуч ва дурӯғро аз ман дур соз,
бенавоӣ ва сарватро ба ман надеҳ,
ризқу рӯзӣ ба ман бирасон:
9Мабодо бисьёр сер шуда, Туро инкор кунам ва бигӯям:
«Худованд кист?»
Ва мабодо бенаво шуда, дуздӣ кунам
ва исми Худои худро беҳурмат созам.
10Ғуломро ба оғои вай бадгӯӣ накун:
мабодо вай туро лаънат кунад, ва ту айбдор шавӣ.
11Насле ҳастанд, ки падари худро лаънат мекунанд
ва модари худро табрик намегӯянд.
12Насле ҳастанд, ки дар назари худ пок мебошанд,
ва ҳол он ки аз наҷосати худ шуста нашудаанд.
13Насле ҳастанд, ки — оҳ, чашмонашон чӣ гуна ҳавобаландона аст,
ва мижгонашон чӣ гуна барафрошта!
14Насле ҳастанд, ки дандонҳошон шамшерҳост,
ва дандонҳои осиёашон — кордҳо,
то ки бенавоёнро аз рӯи замин ва мискинонро аз миёни одамон бихӯранд.
15Шуллук ду духтар дорад:
«Бидеҳ, бидеҳ!»
Инак се чизе ки сер намешаванд,
ва чор чизе ки намегӯянд: «Бас!»
16Дӯзах ва батни нозой,
замине ки аз об сер намешавад,
ва оташе ки намегӯяд: «Бас!»
17Чашме ки падарро тамасхур мекунад
ва аз итоати модар нафрат дорад,
зоғони водӣ онро нӯл зада мекананд,
ва бачаҳои уқоб онро мехӯранд.
18Инак се чизе ки барои ман ақлнорас аст,
ва чор чизе ки ман намефаҳмам:
19Роҳи уқоб дар осмон,
роҳи мор бар кӯҳпора,
роҳи киштӣ дар миёни баҳр
ва роҳи мард сӯи ҷавондухтар.
20Ҳамчунин роҳи зани зинокор:
мехӯрад, ва даҳони худро пок мекунад,
ва мегӯяд: «Кори баде накардаам».
21Аз се чиз замин меларзад,
ва чор чизро наметавонад бардорад:
22Ғуломеро, ки подшоҳ мешавад;
нокасеро, ки аз нон сер мешавад;
23Зани нафратангезеро, ки ба шавҳар мерасад,
ва канизеро, ки ҷойгири хотуни худ мешавад.
24Чор ҷонвари хурд дар рӯи замин ҳастанд,
вале онҳо бағоят бохирад мебошанд:
25Мӯрчаҳо, ки қавми паҳлавон нестанд,
вале хӯроки худро тобистон тайёр мекунанд;
26Заргӯшҳо, ки қавми пурзӯр нестанд,
вале хонаи худро дар сахра буньёд мекунанд;
27Малах, ки подшоҳ надорад,
вале саросар саф баста берун меояд;
28Калтакалос, ки бо даст дошта мешавад,
вале вай дар қасрҳои подшоҳон мебошад.
29Се ҷонвари мавзунқадам ҳастанд,
ва чор ҷонвари хушрафтор:
30Шере ки дар миёни ҳайвонот зӯровар аст
ва аз пеши ҳеҷ кадоме қафо намеравад;
31Аспи чоргома, ва така,
ва подшоҳе ки қавмаш ҳамроҳи ӯст.
32Агар ба туфайли ҳавобаландии худ разилӣ кардаӣ,
ва агар соҳибфикр ҳастӣ, даст бар даҳон бимон,
33Зеро, чунон ки аз фишор додани шир маска берун меояд,
ва аз фишор додани бинӣ хун берун меояд,
ончунон аз фишор додани хашм ҷанҷол берун меояд.

Currently Selected:

Масалҳо 30: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in