Масалҳо 29
29
БОБИ БИСТУ НӮҲУМ
Давоми он. Ҳикмат некӯӣ меоварад;
гуноҳ ва шарорат ба ҳалокат бурда мерасонад.
1Шахсе ки мазамматҳоро шунида, гарданкашӣ кунад,
баногоҳ шикаст хоҳад хӯрд, ва ӯро паноҳгоҳе нахоҳад буд.
2Вақте ки одилон ҳоким бошанд, қавм шод мегарданд;
вале вақте ки шарир ҳукмфармо шавад, қавм оҳу нола мекунанд.
3Касе ки ҳикматро дӯст дорад, падари худро шод мекунад;
вале фоҳишабоз дороии худро исроф менамояд.
4Подшоҳ мамлакатро бо адлу инсоф устувор мегардонад,
вале шахсе ки боҷу хироҷи зиёд меситонад,
онро хароб мекунад.
5Шахсе ки ба ёри худ тамаллуқ гӯяд,
ба пойҳои вай дом мениҳад.
6Шарир ба доми ҷинояташ гирифтор хоҳад шуд,
вале одил дилхушӣ ва хурсандӣ мекунад.
7Одил ба даъвои бенавоён диққат медиҳад;
шарир ба он сарфаҳм намеравад.
8Мардуми масхарабоз шаҳрро ба шӯр меоваранд,
вале хирадмандон ҷидолро хомӯш мекунанд.
9Агар шахси хирадманд бо шахси беақл муҳокима намояд,
беақл гоҳе ба хашм меояд ва гоҳе механдад, ва ӯро оромише нест.
10Хунхӯрон аз шахси беайб нафрат доранд,
вале росткорон офияти ҷони ӯро хоҳонанд.
11Аблаҳ тамоми хашми худро берун меоварад,
вале хирадманд охируламр онро сокит мекунад.
12Агар ҳоким ба суханони дурӯғ гӯш андозад,
ҳамаи хизматгузорони ӯ шарир мешаванд.
13Бенаво ва шахси дасисакор бо ҳамдигар вомехӯранд;
ба чашмони ҳар дуи онҳо нурбахш Худованд аст.
14Агар подшоҳ мискинонро ба ростӣ доварӣ намояд,
тахти ӯ ба сурати абадӣ устувор мегардад.
15Чӯби адаб ҳикмат мебахшад;
вале бачаи беназорат модари худро нангин мекунад.
16Бо афзоиши шарирон ҷиноят меафзояд,
вале одилон мағлубияти онҳоро хоҳанд дид.
17Писари худро таъдиб намо, ва ӯ боиси оромиши ту мегардад,
ва ҷони туро ҳаловат мебахшад.
18Бе ваҳй қавм беқайд мешаванд, ва хушо касе ки шариатро риоят мекунад!
19Ғулом аз суханон сабақ намегирад,
зеро ки, онҳоро фаҳмад ҳам, итоат намекунад.
20Оё шахсеро дидаӣ, ки дар сухан гуфтан шитоб мекунад?
Умед аз аблаҳ, назар ба вай, бештар аст.
21Кас агар ғуломи худро аз бачагӣ нозпарвард кунад,
вай оқибат мехоҳад писар шавад.
22Шахси хашмгин ситеза меангезад,
ва тундмизоҷ бисьёр ҷиноят мекунад.
23Ғурури одам варо хор мекунад,
вале шахси фурӯтан ҷалол меёбад.
24Касе ки бо дузд шарик шавад, ба ҷони худ душман аст:
қасам мехӯрад, вале намегӯяд.
25Тарсончакии одам ба дом меоварад,
вале касе ки ба Худованд таваккал кунад, аз хатар эмин аст.
26Бисьёр касон дидори ҳокимро толибанд,
вале қазои одам аз ҷониби Худованд аст.
27Шахси ноинсоф назди одилон зишт аст,
ва рострав назди шарир зишт аст.
Currently Selected:
Масалҳо 29: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.