Масалҳо 28
28
БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ
Давоми он.
Иззат ба порсоён; лаънат ба шарирон.
1Шарирон мегурезанд, дар сурате ки таъқибкунандае нест;
вале одилон мисли шер далеранд.
2Вақте ки мамлакат исьён кунад, сардоронаш бисьёр мешаванд,
вале ба воситаи одами бохирад ва доно умри он дароз мегардад.
3Бенавое ки ба мансаби олӣ расида, ба мискинон зулм кунад,
мисли борони сел аст, ки ғалладонаро шуста мебарад.
4Тарккунандагони шариат шариронро ситоиш менамоянд,
вале риоякунандагони шариат ба онҳо мухолиф мебароянд.
5Мардуми бадрафтор инсофро намефаҳманд,
вале толибони Худованд онро ҳамеша мефаҳманд.
6Бенавое ки бо роҳи рости худ равон аст,
беҳ аз қаҷраве ки сарватдор бошад.
7Нигоҳдорандаи шариат писари бофаҳм аст,
вале ҷӯраи шикампарастон падари худро расво мекунад.
8Касе ки сарвати худро бо суд ва рибо афзун намояд,
онро барои хайрхоҳи мискинон ғун мекунад.
9Касе ки гӯши худро аз шунидани шариат дур кунад,
дуои вай низ зишт аст.
10Касе ки росткоронро гумроҳ карда, ба роҳи бад андозад,
худаш дар чоҳи худ фурӯ меғалтад,
вале беайбон мероси некӯ пайдо мекунанд.
11Шахси сарватдор дар назари худ хирадманд аст,
вале бенавои бофаҳм ӯро хуб мешиносад.
12Вақте ки одилон шод шаванд, ифтихормандӣ бузург аст;
вале вақте ки шарирон мартаба ёбанд, мардум ноёб мешаванд.
13Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муавффақият намеёбад;
вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад.
14Хушо касе ки ҳамеша аз гуноҳ метарсад!
Вале касе ки дили худро сахт кунад, ба бало гирифтор мешавад.
15Ҳокими шарир бар қавми бенаво
мисли шери ғуррон ва хирси ташнаҷигар аст.
16Сардори нофаҳм бисьёр ситам мекунад;
душмани ришва умри худро дароз мекунад.
17Одаме ки хуни касе ба гарданаш бошад, то ба гӯр мегурезад;
зинҳор касе ӯро дастгирӣ накунад.
18Рострав раҳо мешавад,
вале каҷрав якбора фурӯ меғалтад.
19Касе ки замини худро кор кунад, аз нон сер мегардад,
вале касе ки аз паи корҳои ҳеҷу пуч шавад, аз бенавоӣ сер мегардад.
20Шахси амин баракати бисьёр меёбад,
вале касе ки аз паи сарват шитоб кунад, беҷазо намемонад.
21Рӯйбинӣ кардан хуб нест;
аз барои як бурда нон ҳам кас ҷиноят мекунад.
22Бахил аз паи сарват мешитобад,
ва намедонад, ки бенавоӣ ба сари ӯ меояд.
23Шахсе ки одамеро мазаммат кунад, оқибат бештар писанд меояд,
назар ба шахсе ки бо забонаш тамаллуқ намояд.
24Касе ки падару модари худро тороҷ карда,
мегӯяд, ки «ин гуноҳ нест», —
шарики шахсони зараровар аст.
25Тамаъкор низоъ меандозад,
вале касе ки ба Худованд таваккал намояд, некрӯз мегардад.
26Касе ки аз худаш дилпур бошад, аблаҳ аст,
вале касе ки бо хирад рафтор кунад, раҳо хоҳад шуд.
27Касе ки ба мискин ёрдам диҳад, мӯҳточӣ нахоҳад кашид,
вале касе ки чашмони худро пӯшонад, ба лаънати бисьёр дучор хоҳад шуд.
28Вақте ки шарирон мартаба ёбанд, мардум пинҳон мешаванд;
вале вақте ки онҳо нест шаванд, одилон афзоиш меёбанд.
Currently Selected:
Масалҳо 28: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.