Масалҳо 27
27
БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ
Давоми он. Огоҳӣ аз худситоӣ.
1Аз рӯзи фардо фахр накун,
зеро намедонӣ, ки дар як рӯз чӣ ҳодиса рӯй медиҳад.
2Бигзор туро дигаре ситоиш намояд, на ин ки даҳони худат, —
бегонае, на ин ки лабҳои худат.
3Санг гарон аст, ва рег вазнин,
вале хашми шахси беақл аз ҳар дуи онҳо гаронтар аст.
4Ғазаб бераҳм аст, ва хашм мисли селоб,
вале кист, ки тавонад пеши рашк истодагӣ кунад?
5Мазаммати ошкор
беҳ аз муҳаббати пинҳонӣ.
6Таънаҳои дӯст самимист,
вале бӯсаҳои бадхоҳ бисьёр аст.
7Ҷони сер аз шаҳд ҳам нафрат мекунад,
вале барои ҷони гурусна ҳар талхӣ ширин аст.
8Чунон ки мурғак аз лонаи худ овора мешавад,
ончунон аст касе ки аз макони худ овора шавад.
9Равған ва атр дилро шод мекунад,
ва ширинии ёр аз машварати ҷонист.
10Ёри худ ва ёри падари худро тарк накун,
ва дар рӯзи мусибати худ ба хонаи бародари худ нарав:
ҳамсояи наздик беҳ аз бародари дур.
11Эй писарам! Бохирад бош, ва дили маро шод гардон,
то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам.
12Шахси бофаросат мусибатро мебинад, пинҳон мешавад:
соддадилон гузашта мераванд, ва ҷазо меёбанд.
13Либоси ӯро бигир, чунки ба бегона зомин шудааст;
ва аз ӯ, ки зомини шахси ғайр аст, гарав бигир.
14Кас агар, субҳидам бармаҳал хеста, ёри худро бо овози баланд табрик гӯяд,
ин барои вай лаънат ҳисоб меёбад.
15Чак‐чаки шилқини бом дар рӯзи борон ва зани ситезакор баробар аст:
16Касе ки хоҳад варо ниҳон дорад, мисли касест, ки мехоҳад бодро ниҳон дорад,
ё равғанеро, ки дар кафи рости худ нигоҳ дошта бошад.
17Оҳан оҳанро тез мекунад;
ҳамчунин одам симои ёри худро пардоз медиҳад.
18Касе ки ба дарахти анҷир нигоҳубин кунад,
меваи онро хоҳад хӯрд;
ҳамчунин касе ки оғои худро нигоҳдорӣ кунад,
иззат хоҳад ёфт.
19Чунон ки дар об чеҳра акси чеҳра бошад,
ончунон дили одам акси одам аст.
20Аваддон ва дӯзах сер намешаванд;
ҳамчунин чашмони одам сер намешавад.
21Бӯта барои нуқра аст, ва кӯра — барои тилло;
вале одам аз рӯи таърифи ӯ озмуда мешавад.
22Агар беақлро дар ҳован дар миёни дону дун бо ҳовандаста бикӯбӣ,
беақлии вай аз вай ҷудо намешавад.
23Аз аҳволи чорвои худ ба хубӣ хабардор бош,
ба рамаҳо ғамхорӣ намо,
24Зеро ки сарват абадӣ нест,
тоҷ ҳам магар аз насл ба насл аст?
25Вақте ки алаф аз назар ғоиб шуд, ва сабза неш зада баромад,
ва гиёҳҳои кӯҳӣ ғундошта мешавад,
26Гӯсфандон барои либоси туст,
ва такаҳо — барои нархи замин.
27Ва шири бузҳо барои хӯроки ту,
барои хӯроки аҳли байти ту
ва барои ризқу рӯзии канизони ту кофист.
Currently Selected:
Масалҳо 27: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.