Масалҳо 24
24
БОБИ БИСТУ ЧОРУМ
Давоми он.
Ба таври махсус дар бораи сабр ва илтифот.
1Аз касони бад ҳасад набар,
ва бо онҳо буданро ҳавас накун,
2Чунки дили онҳо дар фикри тороҷ аст,
ва лабҳои онҳо дар бораи хабосат сухан меронад.
3Хона бо ҳикмат бино меёбад
ва бо хирад барқарор мегардад.
4Ва бо дониш ҳуҷраҳо
аз ҳар навъ молу мулки гаронбаҳо ва дилпазир пур мешавад.
5Марди хирадманд боиқтидор аст,
ва шахси донишманд бо қуввати худ ҷасур аст,
6Чунки бо тадбирсозӣ метавонӣ барои худ ҷанг кунӣ,
ва зафар аз машваратчиёни бисьёр аст.
7Ҳикмат барои беақл аз ҳад зиёд баланд аст:
назди дарвоза ӯ даҳони худро намекушояд.
8Касе ки бадиро ният кунад,
ӯро дасисакор меноманд.
9Нияти беақлӣ гуноҳ кардан аст,
ва масхарабоз барои одамон зишт аст.
10Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ,
қуввати ту кам аст.
11Онҳоеро, ки барои мамот гирифта шудаанд, халос кун,
ва маҳкумони қатлро кошки маҳфуз медоштӣ!
12Агар гӯӣ, ки «инро надонистаам»,
Санҷандаи дилҳо, охир, мефаҳмад,
ва Нигаҳбони ҷони ту медонад,
ва ба одам мувофиқи аъмоли вай подош медиҳад.
13Эй писарам! Асалро бихӯр, чунки хуб аст,
ва шаҳдро, чунки барои коми ту ширин аст;
14Чунин аст омӯхтани ҳикмат барои ҷони ту:
агар онро ба даст оварӣ, ояндае дорӣ,
ва умеди ту барбод намеравад.
15Эй шарир! Бар маскани одил камин нагир;
оромгоҳи ӯро безобита накун,
16Зеро ки одил ҳафт маротиба афтад ҳам, мехезад,
вале шарирон гирифтори бало мешаванд.
17Вақте ки душмани ту фурӯ ғалтад, шодӣ накун,
ва ҳангоме ки вай ба нокомӣ дучор шавад, бигзор дили ту ба ваҷд наояд:
18Мабодо Худованд инро бинад, ва ин дар назари Ӯ бад намояд,
ва Ӯ ғазаби Худро аз вай бигардонад.
19Аз бадкешон дар қаҳр нашав,
ва аз шарирон ҳасад набар,
20Чунки шахси бад оянда надорад:
чароғи шарирон хомӯш мешавад.
21Эй писарам! Аз Худованд ва подшоҳ битарс;
бо исьёнгарон алоқа накун,
22Чунки ногаҳон ҳалокаташон меояд,
ва мусибатеро, ки аз ҷониби ҳар дуи онҳост, кист, ки бидонад?
23Инҳо низ гуфтори хирадмандон аст:
рӯйбинӣ кардан дар доварӣ хуб нест.
24Касе ки ба шарир гӯяд: «Ту одил ҳастӣ»,
қавмҳо ба вай лаънат хоҳанд хонд, қабилаҳо аз вай нафрат хоҳанд кард,
25Вале онҳое ки ӯро мазаммат мекунанд, хурсанд хоҳанд шуд,
ва баракати хайрхоҳӣ бар онҳо хоҳад омад.
26Касе ки бо суханони дуруст ҷавоб гардонад, лабҳоро мебӯсад.
27Барои кори худ дар берун тадорук намо,
ва онро дар киштзори худ ба тартиб овар,
ва баъд хонаи худро низ бино бикун.
28Ба зидди ёри худ шоҳиди ноҳақ набош;
чаро бо лабҳои худ мехоҳӣ фиреб диҳӣ?
29Нагӯй: «Чӣ гунае ки вай ба ман рафтор кард,
ман низ ба вай ҳамон гуна рафтор мекунам;
ба ин одам мувофиқи кирдораш подош медиҳам».
30Аз киштзори шахси коҳиле мегузаштам,
ва аз токзори одами беақл,
31Ва инак, ҳамаи инро хорҳо зер кардааст,
рӯяшро газна пӯшидааст,
ва тавораи сангинаш вайрон шудааст.
32Ва ман назар кардам, диққат додам,
дидам, сабақ гирифтам:
33«Андак хоб, андак ғанаб,
андак даст дар бағал хобидан».
34Вале бенавоии ту мисли роҳзан хоҳад омад,
ва мӯҳтоҷии ту — монанди шахси яроқнок.
Currently Selected:
Масалҳо 24: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.