Масалҳо 25
25
БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ
Давоми он. Обрӯ мукофоти ҳикмат аст.
1Инҳо низ масалҳои Сулаймон аст, ки одамони Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо ҷамъ овардаанд.
2Пӯшида доштани кор ҷалоли Худост,
ва тафтиш кардани кор ҷалоли подшоҳон аст.
3Чунон ки осмон аз ҷиҳати баландияш ва замин аз ҷиҳати умқаш бошад,
ончунон дили подшоҳон тафтишнопазир аст.
4Ғашро аз нуқра дур кун,
ва зарфе назди заргар пайдо мешавад;
5Шарирро аз ҳузури подшоҳ дур кун,
ва тахти ӯ бар адолат барқарор мегардад.
6Дар ҳузури подшоҳ калонигарӣ накун,
ва дар ҷои бузургон наист,
7Чунки беҳтар аст ба ту бигӯянд: «Болотар бинишин»,
аз ин ки ба ҳузури калоншавандае ки чашмонат ӯро дидааст, туро поёнтар фуроранд.
8Барои ҷанҷол хезондан шитоб накун,
зеро дар охири он,
вақте ки туро ёри ту расво кунад, чӣ кор мекунӣ?
9Ҷанҷоли худро бо ёри худ бикун,
вале сирри шахси дигарро ошкор накун:
10Мабодо касе ки бишнавад, туро мазаммат намояд,
ва бӯҳтони ту бимонад.
11Сухане ки дар мавқеаш гуфта шуда бошад,
мисли себҳои заррин аст, ки кандакориҳои нуқра доранд.
12Панди хирадманд барои гӯши шунаво
мисли гӯшвораи тилло ва зевари зари сурх аст.
13Қосиди амин барои фиристандагони худ
мисли салқинии барф дар рӯзи дарав аст,
чунки ҷони оғоёни худро қувват мебахшад.
14Касе ки аз инъомҳои бардурӯғ фахр кунад,
мисли абрҳо ва шамоли беборон аст.
15Бо сабурӣ мирро ба марҳамат моил кардан мумкин аст,
ва забони нарм устухонро мешиканад.
16Агар асал ёфтӣ, ба қадри кофӣ бихӯр:
мабодо аз ҳад зиёд аз он сер шуда, қай кунӣ.
17Пои худро аз зуд‐зуд рафтан ба хонаи ёри худ нигоҳ дор:
мабодо аз дидори ту сер шуда, аз ту нафрат кунад.
18Касе ки ба зидди ёри худ шаҳодати дурӯғ диҳад,
мисли табарзин ва шамшер ва тири тез аст.
19Умед бастан ба хоин дар рӯзи сахт
мисли дандони лиққонак ва пои лағзанда аст.
20Сурудани ғазалҳо барои дили ғамгин мисли кашидани либос дар рӯзи сард
ва рехтани сирко бар ҷароҳат аст.
21Агар душмани ту гурусна бошад, шиками ӯро сер кун;
ва агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ,
22Зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳӣ рехт,
ва Худованд ба ту подош хоҳад дод.
23Боди шимолӣ боронро ба вуҷуд меоварад,
ва забони бӯҳтонгӯй — чеҳраҳои хашмгинро.
24Зистан дар гӯшаи бом
беҳ аз зистан бо зани ситезакор дар хонаи фарох.
25Хабари хуш аз кишвари дур
мисли оби сард барои ҷони хаста аст.
26Одиле ки пеши шарир фурӯ меғалтад,
мисли чашмаи лойолуд ва манбаи вайрон аст.
27Бисьёр асал хӯрдан хуб нест,
ва ҷалол он аст, ки кас ҷалоли худро маҳдуд намояд.
28Касе ки бар рӯҳи худ ҳоким нест,
мисли шаҳри вайронаи беҳисор аст.
Currently Selected:
Масалҳо 25: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.