Масалҳо 23
23
БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Давоми он. Дар бораи ҳикмати ҳаёт ва порсоӣ.
1Вақте ки бо ҳоким ба хӯрок хӯрдан биншинӣ,
ба он чи пеши назари туст, ба хубӣ диққат намо,
2Ва корде дар ҳалқуми худ бимон,
агар одами пурхӯр бошӣ:
3Таомҳои лазизи ӯро тамаъ накун,
чунки ин хӯроки назарфиреб аст.
4Барои сарват ғун кардан заҳмат накаш;
тадбирсозиҳои худро тарк намо.
5Оё мехоҳӣ чашмони худро ба он бидӯзӣ, ва ҳол он ки он ғоиб шудааст?
Зеро ки он барои худ болҳо месозад
ва мисли уқоб ба осмон парида меравад.
6Хӯроки бахилро нахӯр,
ва таомҳои лазизи ӯро тамаъ накун,
7Зеро, чӣ гунае ки ӯ дар дили худ мулоҳиза мекунад,
худаш низ ҳамон гуна аст: «Бихӯр ва бинӯш!» —
мегӯяд ӯ ба ту, вале дили ӯ бо ту нест.
8Луқмае ки хӯрдаӣ, қай мекунӣ,
ва суханони неки худро барбод медиҳӣ.
9Ба гӯши аблаҳ гап назан,
чунки аз суханони оқилонаи ту нафрат дорад.
10Марзаи қадимиро накӯчон,
ва ба киштзори ятимон дохил нашав,
11Чунки Раҳокунандаи онҳо боқудрат аст:
Ӯ даъвои онҳоро бо ту доварӣ мекунад.
12Дили худро ба насиҳат моил намо,
ва гӯши худро — ба суханони оқилона.
13Аз бача ҷазоро дареғ надор;
агар ӯро бо чӯб занӣ, намемирад:
14Ту ӯро бо чӯб мезанӣ,
ва ҷони ӯро аз дӯзах халос мекунӣ.
15Эй писарам! Агар дили ту бохирад шавад,
дили ман низ шод мегардад,
16Ва ботини ман хурсанд мешавад,
вақте ки лабҳои ту ба ростӣ сухан ронад.
17Бигзор дили ту аз гуноҳкорон ҳасад набарад,
балки аз онҳое ки ҳамеша тарсгори Худованд бошанд,
18Чунки дар ҳақиқат оқибате ҳаст,
ва умеди ту барбод нарафтааст.
19Эй писарам! Бишнав ва хирадманд бош,
ва дили худро ба роҳи рост ҳидоят намо.
20Дар миёни мастон набош,
ва дар миёни онҳое ки аз ҳад зиёд аз гӯштхӯрӣ лаззат мебаранд,
21Чунки мастон ва пурхӯрон бенаво мешаванд,
ва серхобӣ жандапӯш мегардонад.
22Ба падари худ, ки туро ба дуньё овардааст, гӯш андоз;
ва аз модари худ, барои пир шуданаш, нафрат накун.
23Ростиро бихар ва онро нафурӯш;
ҳикмат, хулқу адаб ва хирадро низ.
24Падари шахси одил хурсандӣ мекунад,
ва касе ки хирадмандро ба дуньё овардааст,
аз вай шод мешавад.
25Бигзор падари ту ва модари ту шод шаванд,
ва касе ки туро ба дуньё овардааст, хурсандӣ кунад.
26Эй писарам! Дили худро ба ман деҳ,
ва чашмони ту бигзор роҳҳои маро риоят кунад,
27Чунки фоҳиша ҷари чуқур аст,
ва зани зинокор — чоҳи танг;
28Вай яқинан мисли роҳзане камин мегирад
ва хоинонро дар миёни мардум афзун мекунад.
29Оҳ аз они кист? Воҳ аз они кист?
Ситезаҳо аз они кист? Андӯҳ аз они кист?
Ҷароҳатҳои бесабаб аз они кист?
Ҷашмони сурхтоб аз они кист?
30Аз они онҳоест,
ки пайваста шароб менӯшанд,
ва барои чашидани шароби дорувордор меоянд.
31Ба шароб назар надӯз, ки чӣ гуна сурхча метобад,
чӣ гуна дар қадаҳ мавҷ мезанад,
чӣ гуна бемалол ба гулӯ меравад,
32Лекин оқибат мисли мор мегазад,
ва мисли афъӣ заҳр мезанад;
33Чашмони ту манзараҳои аҷибу ғарибе мебинад,
ва дили ту ба каҷгуфторӣ моил мешавад;
34Ва ту мисли касе мешавӣ, ки дар миёнҷои баҳр хобида бошад,
ва мисли касе ки бар сари сутуни киштӣ хобида бошад;
35Ва мегӯӣ: «Маро заданд, вале дардро ҳис накардам;
маро кӯфтанд, вале нафаҳмидам.
Вақте ки бедор шавам, боз ва боз ҳамон чизро ҷустуҷӯ мекунам».
Currently Selected:
Масалҳо 23: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.