Масалҳо 22
22
БОБИ БИСТУ ДУЮМ
Давоми он. Дар бораи номи нек.
1Номи нек беҳ аз сарвати бузург,
ва меҳрубонӣ беҳ аз нуқра ва тилло.
2Сарватдор ва камбағал бо ҳамдигар вомехӯранд;
ҳар дуяшонро Худованд офаридааст.
3Шахси бофаросат мусибатро мебинад, ва пинҳон мешавад:
вале соддадилон гузашта мераванд, ва ҷазо меёбанд.
4Подоши фурӯтанӣ ва ҳудотарсӣ
сарват ва ҷалол ва ҳаёт аст.
5Хорҳо ва домҳо дар сари роҳи талбискор аст;
касе ки аз онҳо дур шавад, ҷони худро нигаҳбонӣ мекунад.
6Бачаро бо роҳе ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо;
пир шавад ҳам, аз он дур намешавад.
7Сарватдор бар камбағалон ҳукмронӣ мекунад,
ва қарздор ғуломи қарзхоҳ мегардад.
8Касе ки тухми бедодӣ корад, бадӣ медаравад,
ва асои ғазабаш ӯро несту нобуд мекунад.
9Сахӣ баракат меёбад,
чунки аз нони худ ба камбағал медиҳад.
10Масхарабозро бирон, ва ситеза дур мешавад,
ва низоу нанг хотима меёбад.
11Дӯсти покдил, ки лабҳои хуш дорад,
подшоҳ ёри ӯст.
12Чашмони Худованд донишро нигаҳбонӣ мекунад,
вале суханони хоинро барҳам медиҳад.
13Коҳил мегӯяд: «Шер дар берун аст,
дар миёни кӯчаҳо кушта мешавам!»
14Даҳони занони зинокор ҷари чуқур аст;
касе ки ба нафрини Худованд гирифтор шуда бошад, дар он меафтад.
15Беақлӣ ба дили навҷавон баста шудааст;
чӯби адаб онро аз вай дур мекунад.
16Касе ки камбағалро барои афзоиши сарвати худ истисмор кунад,
ва касе ки ба сарватдор бахшиш диҳад, бенаво мешавад.
17Гӯши худро хам карда, суханони хирадмандонро бишнав,
ва дили худро ба таълими ман моил намо,
18Зеро хуш аст, ки агар онҳоро дар ботини худ нигоҳ дорӣ,
ва онҳо бар лабҳои ту низ бошад.
19Барои он ки ба Худованд таваккал намоӣ,
имрӯз туро низ огоҳ кардам.
20Оё ба ту мақолҳоеро нанавиштаам,
ки пур аз машваратҳо ва дониш аст,
21То ки туро аз ҳақиқати суханони ростӣ огоҳ кунам,
ва ту суханони ростиро ба фиристандагони худ бирасонӣ?
22Бенаворо тороҷ накун, зеро ки вай бенавост;
ва мискинро дар маҳкама озор надеҳ,
23Чунки Худованд даъвои онҳоро доварӣ мекунад,
ва ҷони тороҷгарони онҳоро ба тороҷ медиҳад.
24Бо хашмгин ёр нашав,
ва бо шахси тундмизоҷ алоқа накун:
25Мабодо роҳҳои ӯро ёд гирӣ
ва ҷони худро ба дом оварӣ.
26Аз ҷумлаи касоне набош, ки дасти паймон медиҳанд
ва барои қарзҳо зомин мешаванд.
27Модоме ки ту чизе барои адо кардан надорӣ,
пас чаро бистари туро аз таги ту бигирад?
28Марзаи қадимиро,
ки падарони ту муқаррар кардаанд, накӯчон.
29Оё шахси дар кори худ чобукро дидаӣ?
Вай назди подшоҳон меистад;
назди сафилон намеистад.
Currently Selected:
Масалҳо 22: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.