YouVersion Logo
Search Icon

Масалҳо 21

21
БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Давоми он.
Иродаи Худо дили одамонро ҳидоят менамояд.
1Дили подшоҳ мисли ҷӯйҳои об дар дасти Худованд аст:
онро Ӯ ба ҳар куҷо ки хоҳад равона мекунад.
2Ҳар роҳи одам дар назари вай рост аст,
вале Худованд дилҳоро месанҷад.
3Риоя кардани адлу инсоф
назди Худованд мақбултар аз қурбонист.
4Чашмони ҳавобаландона ва дили пурғурур
манбаи гуноҳи шарирон аст.
5Мулоҳизаҳои шахси ғайратманд яқинан нафъовар аст,
вале ҳар шитобкор яқинан гирифтори бенавоӣ мешавад.
6Пайдо кардани ганҷҳо бо забони дурӯғгӯй —
саъи беҳудаи толибони мамот аст.
7Зулми шарирон онҳоро ба ҳалокат мерасонад,
чунки аз риояти инсоф даст кашидаанд.
8Роҳи касе ки аз адл бегона аст, пур аз дасисаҳост,
вале ҳар кӣ пок бошад, амали ӯ рост аст.
9Зистан дар гӯшаи бом
беҳ аз зистан бо зани ситезакор дар хонаи фарох.
10Ҷони шарир бадиро орзу мекунад;
дар назари ӯ ёраш ҳам эҳтиром надорад.
11Ҳангоме ки масхарабоз ҷазо ёбад, соддадил хирадманд мешавад;
ва ҳангоме ки хирадманд соҳиби фаҳм гардад, ӯ дониш пайдо мекунад.
12Одил ба хонаи шарир менигарад,
ки чӣ гуна шарирон ба бало гирифтор мешаванд.
13Касе ки гӯши худро аз фиғони бенаво баста бошад,
худаш низ фарьёд занад, фарьёдрас намеёбад.
14Инъоми ниҳонӣ хашмро фурӯ менишонад,
ва ришваи кисагӣ — ғазаби сахтро.
15Риояти инсоф шодмонӣ барои одилон,
ва тарсу ҳарос барои бадкирдорон аст.
16Одаме ки аз роҳи хирад дур шуда бошад,
дар ҷамоати мурдагон сокин мешавад.
17Касе ки айшу ишратро дӯст дорад, бенаво мешавад;
касе ки шароб ва равғанро дӯст дорад, сарватдор намешавад.
18Барои одил шарир фидия мешавад,
ва барои росткорон — хоин.
19Зистан дар замини бодия
беҳ аз зистан бо зани ситезакор ва хашмгин.
20Махзани дилпазир ва равған дар маскани хирадманд аст,
вале одами аблаҳ онҳоро исроф менамояд.
21Касе ки адолат ва марҳаматро риоят кунад,
ҳаёт, адолат ва ҷалол меёбад.
22Хирадманд ба шаҳри зӯроварон медарояд
ва қалъаи умеди онҳоро ба хок яксон мекунад.
23Касе ки даҳони худ ва забони худро нигоҳ дорад,
ҷони худро аз мусибатҳо муҳофизат мекунад.
24Бадқасди ҳавобаланд, ки масхарабоз ном дорад,
бо ғазаби бадқасдона амал мекунад.
25Ҳарисии коҳил ӯро мекушад,
чунки дастҳои ӯ кор кардан намехоҳад;
26Ҳар рӯз ӯ пайваста ҳарисӣ мекунад,
вале одил медиҳад ва дареғ намедорад.
27Қурбонии шарирон зишт аст,
алалхусус вақте ки онро бо нияти бад биёранд.
28Шоҳиди козиб ба ҳалокат мерасад,
вале сухани шахси бофаҳм ҳаргиз катъ намешавад.
29Шахси шарир чеҳраи худро бешарм мегардонад,
вале росткор роҳҳои худро месанҷад.
30Ҳикмате нест, ва хираде нест,
ва машварате нест бар хилофи Худованд.
31Асп барои рӯзи ҷанг тайёр аст,
вале зафар аз ҷониби Худованд аст.

Currently Selected:

Масалҳо 21: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in