YouVersion Logo
Search Icon

Масалҳо 17

17
БОБИ ҲАФДАҲУМ
Давоми он. Муқоиса кардани некӣ ва бадӣ, ҳикмат ва аблаҳӣ.
1Як бурда нони қоқ бо осоиштагӣ
беҳ аз хонаи пур аз гӯшти қурбониҳо, ки серҷанҷол бошад.
2Ғуломи соҳибфаҳм бар писари нанговар ҳукмфармо мешавад,
ва дар миёни бародарон меросро тақсим мекунад.
3Бӯта барои нуқра аст, ва кӯра — барои тилло;
вале дилҳоро Худованд месанҷад.
4Бадкеш ба лабҳои талбискор диққат мекунад;
козиб ба забони фалокатбор гӯш медиҳад.
5Касе ки бенаворо таҳқир кунад, Офаринандаи ӯро хорӣ медиҳад;
касе ки аз ҳалокат шод шавад, беҷазо намемонад.
6Тоҷи пирон писарони писаронанд,
ва ҷалолати писарон — падару модари онҳо.
7Забони калонгап ба нокас намезебад,
алалхусус забони дурӯғгӯй — ба валинеъмат.
8Инъом дар назари соҳибони он санги гаронбаҳост;
ба ҳар сӯ рӯ оварад, муваффақият меёбад.
9Касе ки гуноҳро рӯпӯш кунад, толиби муҳаббат аст;
вале касе ки онро такроран хотиррасон намояд, дӯстонро аз ҳам ҷудо мекунад.
10Як итоб ба оқил бештар таъсир мекунад,
назар ба сад қамчин ба аблаҳ.
11Шарир фақат фитнаро толиб аст,
ва ба муқобили ӯ қосиди бераҳм фиристода мешавад.
12Вохӯрдан бо хирси бачагумкарда барои одам
беҳ аз вохӯрдан бо аблаҳ дар вақти беақлии вай.
13Касе ки дар ивази некӣ бадӣ кунад,
аз хонаи вай бадӣ дур намешавад.
14Ибтидои нифоқ мисли рахнаи об аст:
пеш аз он ки ҷанҷол авҷ гирад, онро тарк кун.
15Сафедкунандаи шарир ва айбдоркунандаи одил
— ҳар дуяшон ҳам назди Худованд зиштанд.
16Чаро сарват дар дасти аблаҳ бошад?
Барои харидани ҳикмат ӯ фаҳме надорад.
17Дӯст ҳар вақт дӯст медорад,
ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад.
18Одами беақл дасти паймон медиҳад
ва ба ёри худ зомин мешавад.
19Касе ки ҷанҷолро дӯст дорад, гуноҳро дӯст медорад;
касе ки ҳавобаландона даҳон кушояд, толиби шикаст аст.
20Каҷдил некӯӣ намеёбад,
ва забони каҷгуфтор ба бало гирифтор мешавад.
21Касе ки аблаҳро ба дуньё оварад, барои андӯҳи худи ӯст,
ва падари фарзанди нокас шод намешавад.
22Дили шод саломатӣ мебахшад,
вале рӯҳи ғамгин иликро хушк мекунад.
23Шарир ришваро аз кисаи бағалӣ мегирад,
то ки роҳҳои инсофро таҳриф намояд.
24Ҳикмат дар рӯ ба рӯи шахси оқил аст,
вале чашмони аблаҳ дар ақсои замин аст.
25Писари аблаҳ барои падари худ алам
ва барои модари худ талхӣ мебошад.
26Ҷарима ниҳодан бар одил низ хуб нест,
алалхусус задани наҷибон аз барои росткорӣ.
27Соҳиби дониш суханони худро бозмедорад,
ва шахси хирадманд хунсард аст.
28Беақл низ, агар хомӯш нишинад, хирадманд ҳисоб меёбад:
касе ки лабҳои худро бандад, оқил аст.

Currently Selected:

Масалҳо 17: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in