YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Марқӯс 13

13
БОБИ СЕЗДАҲУМ
Дар бораи омадани Исо.
Заволи маъбад.
1Чун Исо аз маъбад мебаромад, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Бингар, чӣ навъ сангҳо ва чӣ навъ иморатҳост!»
2Исо ба ҷавоби вай гуфт: «Ин иморатҳои бузургро мебинӣ? Ҳамаи ин хароб хоҳад шуд, ба дараҷае ки санге бар санге нахоҳад монд».
3Ва чун Ӯ бар кӯҳи Зайтун дар муқобили маъбад нишаста буд, Петрус, Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс ба танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд:
4«Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад, ва аломати рӯй додани ҳамаи ин чӣ гуна аст?»
5Он гоҳ Исо дар ҷавоби онҳо ба гуфтан оғоз намуд: «Ҳушьёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад;
6Зеро бисьёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки ин Ман ҳастам, ва мардуми бисьёрро гумроҳ кунанд.
7Аммо чун ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро бишнавед, натарсед: зеро ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанӯз интиҳо нест.
8Зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард; ва дар ҳар ҷо зилзилаҳо рӯй ҳоҳад дод, ва қаҳтиҳо ва ошӯбҳо падид хоҳад омад. Инҳо ибтидои дардҳост.
9Лекин шумо худро эҳтиёт кунед; зеро шуморо ба маҳкамаҳо ҳоҳанд кашид, ва дар куништҳо тозиёна ҳоҳанд зад, ва шуморо назди ҳокимону подшоҳон ба хотири Ман ҳозир хоҳанд кард, то барои онҳо шаҳодате гардад.
10Ва лозим аст, ки Инҷил аввал дар байни тамоми ҳалқҳо мавъиза карда шавад.
11Чун шуморо барои таслим кардан гирифта баранд, пешакӣ ғамхорӣ ва андеша накунед, ки чӣ бояд бигӯед; балки он чи дар он соат ба шумо ато шавад, онро бигӯед: зеро гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳулқудс аст.
12Он гоҳ бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳад кард; ва фарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳанд расонд.
13Ва ҳама аз барои исми Ман ба шумо адоват хоҳанд дошт; лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.
Мусибати бузург.
14Чун кароҳати харобиро, ки Дониёли набӣ ба забон овардааст, дар ҷое ки намебояд, бар по бубинед, — ҳар кӣ хонад, дарк кунад, — он гоҳ онҳое ки дар Яҳудо мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд;
15Ва ҳар кӣ бар бом бошад, поён нафурояд ва барои гирифтани чизе ба хонаи худ надарояд;
16Ва он ки дар киштзор аст, барои гирифтани ҷомаи худ барнагардад.
17Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва ширдорон дар он айём!
18Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар зимистон рӯй надиҳад.
19Зеро дар он айём чунон мусибате хоҳад шуд, ки аз ибтидои офариниш, ки Худо офарид, то ҳол нашудааст ва бори дигар нахоҳад шуд.
20Ва агар Худованд он айёмро кӯтоҳ намекард, касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагоне ки Ӯ интихоб намудааст, он айёмро кӯтоҳ кардааст.
21Дар он ҳангом агар касе ба шумо гӯяд: „Инак Масеҳ дар ин ҷост“, ё „дар он ҷост“, — бовар накунед.
22Зеро масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизот нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд.
23Лекин шумо ҳушьёр бошед; инак, Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.
Омадани Писари Одам.
24Лекин дар он айём, пас аз он мусибат, офтоб хира шавад ва моҳ рӯшноии худро надиҳад.
25Ва ситорагон аз осмон фурӯ резанд, ва қувваҳои афлок мутазалзил шаванд.
26Он гоҳ Писари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд.
27Ва он гоҳ Ӯ фариштагони Худро фиристода, баргузидагони Худро аз чор ҷониб, аз канори замин то канори осмон фароҳам хоҳад овард.
Масал дар бораи дарахти анҷир.
28Акнун аз дарахти анҷир мисол гиред; чун шохааш нарм шуда, барг оварад, медонед, ки тобистон наздик аст;
29Ҳамчунин шумо чун дидед, ки ин чизҳо воқеъ шудааст, бидонед, ки наздик аст, назди дар аст.
30Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл ҳанӯз аз олам нагузашта, ҳамаи ин чизҳо воқеъ хоҳад шуд.
31Осмон ва замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
32Аммо он рӯз ва соатро, ғайр аз Падар, касе намедонад, на фариштагони осмон, на Писар.
33Пас, барҳазар ва бедор бошед ва дуо гӯед; зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад.
Дар интизори омадани Худованд бедор бошед.
34Монанди касе ки ба сафар рафта ва хонаи худро тарк карда, ба хизматгорони худ ихтиёр дод ва барои ҳар яке шуғли хосе муқаррар намуд ва дарбонро фармуд, ки бедор бошад.
35Пас, бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд, дар шом, ё ними шаб, ё ҳангоми бонги хурӯс, ё бомдодон;
36Мабодо ногаҳон омада, шуморо хуфта ёбад.
37Аммо он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама мегӯям: „Бедор бошед“».

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in