Инҷили Марқӯс 14
14
БОБИ ЧОРДАҲУМ
Суиқасд ба муқобили Исо.
1То иди фисҳ ва фатир ду рӯз монда буд; саркоҳинон ва китобдонон дар тараддуди он буданд, ки чӣ сон бо ҳила Ӯро дастгир карда, ба қатл расонанд;
2Лекин мегуфтанд: «На дар ид, мабодо дар байни мардум ошӯбе рӯй диҳад».
Марьями сокини Байт‐Ҳинӣ бар Исо равғани атрафшон мерезад.
3Ва ҳангоме ки Ӯ дар Байт‐Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯни махавӣ назди суфра нишаста буд, — зане бо зарфи гаҷини равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо омад ва зарфро шикаста, бар сари Ӯ рехт.
4Баъзе касон норозӣ шуда, дар байни худ гуфтанд: «Чаро ин равғани атрафшон талаф шуд?
5Зеро онро ба зиёда аз сесад динор фурӯхта, ба мискинон тақсим карда додан мумкин буд». Ва он занро сарзаниш карданд.
6Лекин Исо гуфт: «Вайро ором гузоред; чаро вайро хиҷил мекунед? Вай барои Ман коре некӯ кард.
7Зеро мискинон ҳар вақт дар назди шумо ҳастанд ва ҳар гоҳ, ки бихоҳед, ба онҳо зҳсон карда метавонед; лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам.
8Вай он чи метавонист, ба ҷо овард: Бадани Маро барои дафн пешакӣ тадҳин кард.
9Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай эикр хоҳад ёфт».
Паймони таслимкунанда бо саркоҳинон.
10Ва Яҳудои Исқарьют, ки яке аз он дувоздаҳ буд, пеши саркоҳинон рафт, то ки Ӯро ба онҳо таслим кунад.
11Онҳо чун сухани вайро шуниданд, шод гаштанд ва ба вай пул доданӣ шуданд. Вай дар ҷустуҷӯи фурсати мувофиқ буд, ки Ӯро таслим кунад.
Фисҳи охирин.
12Дар рӯзи аввали иди фатир, ки барои фисҳ курбонӣ мекарданд, шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ, ки фисҳро бихӯрӣ, то рафта тайёр кунем?»
13Пас ду нафарро аз шогирдонаш фиристода, ба онҳо гуфт: «Ба шаҳр биравед; марде ба шумо рост хоҳад омад, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз ақиби вай равона шавед,
14Ба куҷое ки дарояд, ба соҳиби хона гӯед: „Устод мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо фисҳро бо шогирдони Худ бихӯрам?“
15Вай ба шумо болохонаи калони мафрушу тайёрро нишон медиҳад; дар он ҷо барои мо тайёрӣ бинед».
16Шогирдонаш равона шуда, ба шаҳр омаданд ва, чунон ки Ӯ гуфта буд, ёфтанд; ва фисҳро омода карданд.
Фисҳ.
17Бегоҳи рӯз Ӯ бо он дувоздаҳ омад.
18Ва ҳангоме ки нишаста таом мехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумоён, ки бо Ман таом мехӯрад, Маро таслим хоҳад кард».
19Онҳо ғамгин шуда, паси ҳамдигар ба Ӯ гуфтанд: «Оё он манам?» Ва дигаре: «Оё он манам?»
20Лекин Ӯ ба ҷавоби онҳо гуфт: «Яке аз дувоздаҳ, ки бо Ман даст дар табақ меандозад.
21Агарчи Писари Одам ончунон, ки дар бораи Ӯ навишта шудааст, меравад, лекин вой бар ҳоли он касе ки Писари Одам ба воситаи вай таслим карда шавад: барои вай беҳтар мебуд, ки таваллуд намеёфт».
Таоми шоми муқаддас.
22Ва ҳангоме ки таом мехӯрданд, Исо нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: «Бигиред ва бихӯред, ки ин Бадани Ман аст».
23Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва ба онҳо дод; ва ҳама аз он нӯшиданд.
24Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисьёр касон рехта мешавад.
25Ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман дигар аз шираи ангур нахоҳам нӯшид, то ҳамон рӯзе ки дар Малакути Худо майи тоза бинӯшам».
Имтиҳони имони шогирдон.
26Ва ҳамду сано хонда, ба сӯи кӯҳи Зайтун равона шуданд.
27Ва Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод; зеро навишта шудааст: „Чӯпонро мезанам, ва гӯсфандон пароканда хоҳанд шуд“.
28Аммо пас аз эҳьё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт».
29Петрус ба Ӯ гуфт: «Агар ҳама ба васваса афтанд ҳам, ман намеафтам».
30Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки ту ҳоло, дар ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хохӣ кард».
31Лекин вай бо ҷидду ҷаҳди зиёдтар мегуфт: «Ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд, Туро ҳаргиз инкор накунам». Дигарон низ ҳамчунон гуфтанд.
Исо дар Ҷатсамонӣ маҳзун мешавад ва дуо мегӯяд.
32Ба мавзее омаданд, ки Ҷатсамонӣ ном дошт; ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Дар ин ҷо бинишинед, то Ман дуо гӯям».
33Ва Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро бо Худ бурд; ва дар изтироб афтод ва дилтанг шуд.
34Ва ба онҳо гуфт: «Ҷони Ман то ба дараҷаи марговар маҳзун шудааст; дар ин ҷо бимонед ва бедор бошед».
Дуои якум.
35Ва, каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо гуфт, ки агар мумкин бошад, он соат аз Ӯ бигзарад;
36Ва гуфт: «Аббо, Падарам! Ҳама чиз назди Ту мумкин аст; ин косаро аз Ман бигзарон; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту».
37Ва омада, онҳоро хуфта ёфт, ва ба Петрус гуфт: «Эй Шимъӯн! Ту хуфтаӣ? Оё натавонистӣ соате бедор бошӣ?
38Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед; рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон».
Дуои дуюм.
39Ва боз рафта бо ҳамон суханон дуо гуфт.
40Ва баргашта, боз онҳоро хуфта ёфт, зеро чашмонашон хоболуд буд; ва онҳо намедонистанд, ки ба Ӯ чӣ ҷавоб диҳанд.
Дуои сеюм.
41Ва бори сеюм омада, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз мехобед ва истироҳат мекунед? Вассалом, соат расидааст; инак Писари Одам ба дасти гуноҳкорон таслим карда мешавад;
42Бархезед, биравем: инак, он ки Маро таслим мекунад, наздик омад».
Таслим кардани Яҳудо ва ҳабс шудани Исо.
43Ва дарҳол, ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, Яҳудо, ки яке аз он дувоздаҳ буд, ва бо вай мардуми бисьёре аз ҷониби саркоҳинон, китобдонон ва пирон бо шамшеру таёқҳо омаданд.
44Таслимкунандаи Ӯ ишорате ба онҳо дода, гуфта буд: «Ҳар киро бибӯсам, Ӯ ҳамон аст; Ӯро дастгир кунеду бо эҳтиёт баред».
45Ва чун омад, дарҳол ба Ӯ наздик шуда, гуфт: «Эй Устод! Эй Устод!» Ва Ӯро бӯсид.
46Ва онҳо дастҳои худро бар Ӯ андохта, Ӯро гирифтанд.
Исоро ҳама тарк карданд.
47Аммо яке аз ҳозирон шамшери худро кашида, ба ғуломи саркоҳин заду як гӯши вайро бурида партофт.
48Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане шумо бо шамшеру таёқҳо берун омадаед, то Маро дастгир кунед;
49Ҳар рӯз Ман назди шумо дар маъбад будам ва таълим медодам, ва шумо Маро дастгир накардед; лекин бигзор Навиштаҳо ба амал ояд».
50Он гоҳ ҳама Ӯро вогузошта, гурехтанд.
51Ҷавоне ҷисми бараҳнаи худро ба чодире печонда, аз ақиби Ӯ мерафт; ва сарбозон вайро дастгир карданд.
52Лекин вай чодирро партофта, тани бараҳна аз дасти онҳо гурехт.
Исо ба ҳузури пирон.
53Ва Исоро назди саркоҳин оварданд; ва тамоми саркоҳинон ва пирон ва китобдонон назди вай гирд омаданд.
54Петрус аз дур, то даруни ҳавлии саркоҳин, аз паи Ӯ равона шуда, бо хизматгорон нишаст ва назди оташ худро гарм мекард.
55Саркоҳинон ва тамоми шӯрои пирон дар ҷустуҷӯи шаҳодате бар зидди Исо буданд, то Ӯро ба қатл расонанд, лекин наёфтанд.
56Зеро бисьёр касон бар зидди Ӯ шаҳодати бардурӯғ доданд, лекин ин шаҳодатҳо ба якдигар мувофиқ набуд.
57Ва баъзе касон бархоста, бар зидди Ӯ шаҳодати бардурӯғ дода, гуфтанд:
58«Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: „Ман ин маъбади бо дасти одам сохташударо вайрон мекунам ва дар се рӯз дигареро бино мекунам, ки бо дасти одам сохта нашуда бошад“».
59Лекин чунин шаҳодати онҳо низ мувофиқ набуд.
60Пас саркоҳин бархост ва дар миёна истода, аз Исо пурсид: «Чаро Ту ҳеҷ ҷавоб намедиҳӣ? Ин чист, ки инҳо бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд?»
61Аммо Ӯ ҳомӯш монд ва ҳеҷ ҷавоб надод. Боз саркоҳин аз Ӯ пурсида, гуфт: «Оё Ту Масеҳ, Писари Худои Мутабаррак ҳасти?»
62Исо гуфт: «Ман ҳастам; ва шумо Писари Одамро ҳоҳед дид, ки ба ямини Кудрат нишаста, бар абрҳои осмон меояд».
63Он гоҳ саркоҳин ҷомаи худро дарронда, гуфт: «Дигар ба шоҳидон чӣ ҳоҷат дорем?
64Шумо куфрро шунидед; чӣ мулоҳиза доред?» Пас ҳама Ӯро айбдор карда, сазовори марг донистанд.
65Ва баъзе касон ба сару рӯи Ӯ туф кардан гирифтанд ва рӯяшро пӯшида, Ӯро мезаданд ва мегуфтанд, ки: «Нубувват кун». Ва хизматгорон Ӯро торсакӣ мезаданд.
Петрус Худованди худро инкор мекунад.
66Ҳангоме ки Петрус дар поён, дар рӯи ҳавлӣ буд, яке аз канизони саркоҳин омад
67Ва чун дид, ки Петрус худро гарм мекунад, ба вай нигоҳ карда, гуфт: «Ту низ бо Исои Носирӣ будӣ».
68Лекин вай инкор карда, гуфт: «Намедонам ва намефаҳмам, ки ту чӣ мегӯӣ». Ва ба ҳавлии берун рафта буд, ки хурӯс бонг зад.
69Каниз бори дигар вайро дида, ба ҳозирон гуфт: «Ин яке аз онҳост».
70Вай бори дигар инкор кард. Пас аз муддате ҳозирон ба Петрус гуфтанд: «Дар ҳақиқат ту яке аз онҳо мебошӣ; зеро ки ту аз Ҷалил ҳастӣ ва лаҳҷаи ту ҳамон хел аст».
71Лекин вай ба савганду қасам хӯрдан оғоз намуда, гуфт: «Он Одамро, ки мегӯед, намешиносам».
72Ҳамон дам хурӯс бори дуюм бонг зад. Он гоҳ Петрус сухани Исоро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард». Ва оғоз ба гиристан намуд.
Currently Selected:
Инҷили Марқӯс 14: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.