Инҷили Марқӯс 12
12
БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Масал дар бораи токдорони бадкор.
1Пас бо масалҳо ба онҳо оғози сухан намуда, гуфт: «Касе ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.
2Чун мавсим расид, хизматгореро назди токдорон фиристод, то аз меваи токзор аз токдорон бигирад,
3Лекин онҳо вайро дошта заданд ва тиҳидаст равона карданд.
4Боз хизматгори дигарро назди онҳо фиристод; вайро низ сангборон карда, сарашро кафонданд ва дашном дода пеш карданд.
5Боз як нафари дигарро фиристод: вайро куштанд; ва бисьёр касони дигарро — баъзеро заданд ва баъзеро куштанд.
6Як писари азизаш буд, ва дар охир вайро низ назди онҳо фиристода, дар дили худ гуфт: „Аз писарам шарм хоҳанд дошт“.
7Лекин токдорон ба якдигар гуфтанд: „Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем, то мерос аз они мо гардад“.
8Вайро дастгир карда, куштанд ва аз токзор берун бароварда партофтанд.
9Пас соҳиби токзор чӣ хоҳад кард? Омада, токдоронро ба марг маҳкум хоҳад кард ва токзорро ба дигарон хоҳад супурд.
10Магар ин Навиштаро нахондаед:
„Санге ки меъморон рад карданд,
санги сари гӯшаи бино гардид:
11Ин аз ҷониби Худованд шуд
ва дар назари мо ҳайратангез аст“?»
12Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд; зеро донистанд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо гуфта буд; пас Ӯро вогузошта рафтанд.
Масъалаи хироҷ.
13Ва чанд нафар аз фарисиён ва ҳиродиёнро назди Ӯ фиристоданд, то Ӯро аз суханаш афтонанд.
14Онҳо омада, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳасти ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ, балки роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ; оё ба қайсар ҷизья додан ҷоиз аст ё не? Бидиҳем ё надиҳем?»
15Аммо Ӯ риёкории онҳоро дарьёфта, гуфт: «Чаро Маро меозмоед? Диноре ба Ман биёред, то онро бубинам».
16Онҳо оварданд. Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Ин сурат ва рақам аз они кист?» Онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Аз они қайсар».
17Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост — ба Худо». Ва аз ҷавоби Ӯ дар ҳайрат монданд.
Дар бораи эҳьёи мурдагон.
18Ва саддуқиён, ки мункири қиёмат ҳастанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:
19«Эй Устод! Мусо ба мо навиштааст: „Агар бародари касе бимирад ва зане аз худ гузошта ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад, ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад“.
20Ҳафт бародар буданд: яке зан гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт;
21Вайро дуюмин ба занӣ гирифта, мурд ва фарзанде нагузошт; сеюм низ ҳамчунин.
22Ҳамаи он ҳафт вайро гирифтанд ва насле нагузоштанд. Баъд аз ҳама зан низ мурд.
23Пас, дар қиёмат, ки ҳама эҳьё хоҳанд шуд, вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ки ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд».
24Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Магар гумроҳ нестед аз он рӯ, ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро?
25Зеро, ҳангоме ки аз мурдагон эҳьё мешаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд, балки монанди фариштагон дар осмон мебошанд.
26Аммо дар бораи мурдагон, ки эҳьё мешаванд, магар дар китоби Мусо нахондаед, ки чӣ сон Худо дар назди бутта ба вай гуфт: „Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб“?
27Вай на Худои мурдагон аст, балки Худои зиндагон. Пас шумо басе гумроҳ шудаед».
Аҳкоми бузургтарин.
28Яке аз китобдонон, чун мубоҳисаи онҳоро шунида, дид, ки ба онҳо ҷавоби некӯ дод, пеш омада, аз Ӯ пурсид: «Аввалини ҳамаи аҳком кадом аст?»
29Исо ба вай ҷавоб дод: «Аввалини аҳком ин аст: „Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худованди ягона аст;
30Ва Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту ва бо тамоми қуввати ту дӯст бидор“; аввалин аҳком ҳамин аст!
31Ва дуюмаш монанди он аст: „Ёри худро мисли худ дӯст бидор“; хукми дигаре бузургтар аз инҳо нест».
32Китобдон ба Ӯ гуфт: «Офарин, эй Устод! Ту рост гуфтӣ, ки Худо ягона аст ва ҷуз Ӯ дигаре нест;
33Ва Ӯро бо тамоми дил ва бо тамоми идрок ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва ёри худро мисли худ дӯст доштан аз ҳамаи курбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳо афзалтар аст».
34Чун Исо дид, ки вай оқилона ҷавоб дод, ба вай гуфт: «Ту аз Малакути Худо дур нестӣ». Пас аз он касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ чизе пурсад.
Исо — ҳам писари Довуд ва ҳам Худованди Довуд.
35Ва ҳангоме ки Исо дар маъбад таълим медод, савол дода, гуфт: «Чӣ сон китобдонон мегӯянд, ки Масеҳ писари Довуд аст?
36Ва ҳол он ки худи Довуд бар тибқи Рӯҳулқудс мегӯяд:
„Худованд ба Худованди ман гуфт:
«Ба ямини Ман бинишин,
то душманони Туро зери пои Ту андозам»“.
37Инак худи Довуд Ӯро Худованд меномад: пас чӣ сон Ӯ писари вай будааст?» Ва мардуми бисьёр каломи Ӯро бо хушнӯдӣ мешуниданд.
Риёкории китобдонон.
38Ва Ӯ онҳоро таълим дода, мегуфт: «Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд ҷомаҳои дароз пӯшида гарданд, ва дар бозорҳо табрик бишнаванд,
39Ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой бигиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд;
40Онҳо, ки хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва барои намуд дуоро тӯл медиҳанд, аз ҳама сахттар маҳкум хоҳанд шуд».
Фулуси бевазан.
41Ва Исо дар муқобили ганҷина нишаста нигоҳ мекард, ки чӣ сон мардум ба ганҷина пул меандозанд. Аксари сарватдорон бисьёр меандохтанд.
42Ва бевазани камбағале омада, ду фулус андохт, ки ним тин мешавад.
43Пас шогирдонашро пеши Худ хонда, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи ононе ки ба ганҷина андохтанд, бештар дод;
44Зеро ҳама аз зиёдатии худ доданд, лекин вай аз камбағалии худ ҳар чӣ дошт, андохт, яъне тамоми нафақаи худро дод».
Currently Selected:
Инҷили Марқӯс 12: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.