Инҷили Марқӯс 11
11
БОБИ ЁЗДАҲУМ
Ба Ерусалим бо тантана ворид шудани Исо.
1Чун наздики Ерусалим, ба Байт‐Фоҷӣ ва Байт‐Ҳинӣ, бар кӯҳи Зайтун расиданд, Ӯ ду шогирди Худро фиристода,
2Ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, биравед; чун даромадед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, ин ҷо биёред;
3Ва агар касе ба шумо гӯяд: „Чаро чунин мекунед?“, ба ҷавобаш бигӯед, ки Худованд ба он эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онро ба ин ҷо мефиристад».
4Онҳо рафта, курраро ёфтанд, ки дар кӯча назди дарвозае бастагӣ буд; ва онро воз карданд.
5Баъзе касоне ки дар он ҷо истода буданд, ба онҳо гуфтанд: «Чӣ кор доред, ки курраро воз мекунед?»
6Ба ҷавоби онҳо он чиро гуфтанд, ки Исо фармуда буд; ва онҳоро ба ҳоли худ гузоштанд.
7Ва курраро назди Исо оварда, ҷомаҳои худро бар он афканданд, то бар он савор шуд.
8Бисьёр касон ҷомаҳои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд.
9Ва онҳое ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд;
«Ҳӯшаъно!
Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!
10Муборак аст малакути падари мо Довуд,
ки ба исми Худованд меояд!
Ҳӯшаъно дар арши аъло!»
11Ва Исо вориди Ерусалим шуда, ба маъбад даромад; ва ҳама чизро аз назар гузаронд, ва чун рӯз бевақт шуда буд, бо он дувоздаҳ ба Байт‐Ҳинӣ рафт.
Дарахти анҷири бемева.
12Рӯзи дигар, чун аз Байт‐Ҳинӣ берун омаданд, гурусна монд;
13Ва аз дур дарахти анҷирро, ки барг дошт, дида, омад, то шояд чизе бар он биёбад; чун наздик шуд, ҷуз баргҳо чизе наёфт, зеро ки мавсими анҷир ҳанӯз нарасида буд.
14Ва Исо ба он гуфт: «Пас аз ин то абад касе аз ту мева нахӯрад». Ва шогирдонаш инро шуниданд.
Пок кардани маъбад.
15Ба Ерусалим омаданд. Исо ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳое ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, оғоз намуд; мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард;
16Ва нагузошт, ки касе чизеро аз миёни маъбад бардошта гузарад.
17Ва онҳоро таълим дода, мегуфт: «Оё навишта нашудааст, ки „хонаи Ман хонаи ибодати ҳамаи халқҳо номида хоҳад шуд“? Аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».
18Чун китобдонон ва саркоҳинон шуниданд, дар тараддуди он шуданд, ки чӣ тавр Ӯро ба ҳалокат расонанд; зеро аз Ӯ метарсиданд, чунки тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат буданд.
19Чун рӯз бевақт шуд, Ӯ аз шаҳр берун рафт.
20Бомдодон, вақте ки мегузаштанд, дарахти анҷирро диданд, ки то реша хушк шудааст.
21Ва Петрус ба ёд оварда, гуфт: «Эй Устод! Инак дарахти анҷире ки нафрин кардаӣ, хушк шудааст».
Дуои имон.
22Исо ба ҷавоби онҳо гуфт:
23«Ба Худо имон оваред. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба ин кӯх гӯяд: „Бархоста, худро дар баҳр афкан“, ва дар дили худ шак надошта бошад, балки яқин дорад, ки он чи гӯяд мешавад, — ҳар чӣ гӯяд ба вай ато хоҳад шуд.
24Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки онро пайдо хоҳед кард, — ва ба шумо ато хоҳад шуд.
25Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе ранҷу озоре кашида бошед, гуноҳи вайро афв намоед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо биомурзад;
26Аммо агар афв накунед, Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо наомурзад».
Масъалаи қудрати Исо.
27Боз ба Ерусалим омаданд. Ва ҳангоме ки Ӯ дар маъбад мегашт, саркоҳинон, китобдонон ва пирон назди Ӯ омада,
28Гуфтанд: «Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин қудратро ба Ту додааст, то ин корҳоро кунӣ?»
29Исо ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ба Ман ҷавоб диҳед; он гоҳ Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам;
30Таъмиди Яҳьё аз осмон буд, ё аз инсон? Ба Ман ҷавоб диҳед».
31Аммо онҳо дар дили худ андеша мекарданд: «Агар гӯем, ки „аз осмон буд“, Ӯ бигӯяд: „Пас чаро ба вай имон наовардед?“
32Ва агар гӯем, ки „аз инсон буд“» — аз мардум метарсиданд; зеро ки ҳама Яҳьёро набии барҳақ медонистанд.
33Ба Исо ҷавоб дода гуфтанд: «Намедонем». Исо ҳам ба ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом кудрат ин корҳоро мекунам».
Currently Selected:
Инҷили Марқӯс 11: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.