Инҷили Матто 21
21
БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Ба Ерусалим ворид шудани Исо.
1Чун ба Ерусалим наздик шуда, ба Байт‐Фоҷии назди кӯҳи Зайтун расиданд, Исо ду шогирди Худро фиристода,
2Ба онҳо гуфт: «Ба ин деҳа, ки рӯ ба рӯи шумост, биравед; ва дарҳол модахареро баста хоҳед ёфт, ки куррааш назди вай аст; онҳоро воз карда, назди Ман биёред;
3Ва агар касе ба шумо ҳарфе занад, бигӯед, ки Худованд ба инҳо эҳтиёҷ дорад; ва дарҳол онҳоро хоҳад фиристод».
4Ин ҳама рӯй дод, то ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст:
5«Ба духтари Сион бигӯед:
„Инак, Подшоҳи ту бар харе, бар курраи бачаи модахар савор шуда,
бо фурӯтанӣ назди ту меояд“».
6Шогирдон рафтанд ва он чи Исо фармуда буд, ба ҷо оварданд:
7Модаҳар ва курраро оварда, ҷомаҳои худро бар онҳо афканданд, ва Ӯ бар онҳо савор шуд.
8Мардуми бисьёре ҷомахои худро бар роҳ густурданд, ва дигарон шохаҳои дарахтонро бурида, бар роҳ густурданд;
9Ва мардуме ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд:
«Ҳӯшаъно#21:9 Ҳӯшаъно — наҷот деҳ. ба Писари Довуд!
Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!
Ҳӯшаъно дар арши аъло!»
10Ва ҳангоме ки Ӯ ба Ерусалим ворид шуд, тамоми аҳли шаҳр ба ошӯб омада, мегуфтанд: «Ин кист?»
11Мардум мегуфтанд: «Ин аст Исои Пайғамбар аз Носираи Ҷалил».
Исо бори дуюм маъбадро пок мекунад.
12Ва Исо ба маъбади Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, пеш кард, мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард.
13Ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки „хонаи Ман хонаи ибодат номида хоҳад шуд“; аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».
14Дар маъбад назди Ӯ кӯрон ва лангон омаданд, ва Ӯ онҳоро шифо дод.
15Чун саркоҳинон ва китобдонон диданд, ки Ӯ мӯъҷизаҳоро ба амал овард, ва кӯдакон дар маъбад «ҳӯшаъно ба Писари Довуд!» гӯён хитоб мекарданд, хашмгин шуданд,
16Ва ба Ӯ гуфтанд: «Оё Ту мешунавӣ, ки онҳо чӣ мегӯянд?» Исо ба онҳо гуфт: «Оре! Магар нахондаед: „Аз даҳони кӯдакон ва ширмакон ҳамдро ба вуҷуд овардаӣ“?»
17Ва онҳоро тарк карда, аз шаҳр сӯи Байт‐Ҳинӣ рафт ва шабро дар он ҷо гузаронд.
Дарахти анҷири хушкшуда.
18Бомдодон, вақте ки ба шаҳр бармегашт, гурусна монд;
19Дар сари роҳ дарахти анҷире дида, назди он рафт ва, ҷуз баргҳо, чизе бар он наёфта, ба он гуфт: «Пас аз ин то абад мевае аз ту нарӯяд». Ва ҳамон дам дарахти анҷир хушк шуд.
20Шогирдон инро дида, дар тааҷҷуб монданд ва гуфтанд: «Чӣ гуна ин дарахти анҷир даррав хушк шуд?»
21Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар имон дошта бошед ва шубҳа накунед, на танҳо онро, ки ба дарахти анҷир рӯй дод, ба амал хоҳед овард, балки агар ба ин кӯҳ гӯед, ки „бархоста, худро дар баҳр афкан“, — чунин хоҳад шуд;
22Ва ҳар он чи дар дуо бо имон талаб кунед, хохед ёфт».
Масъалаи қудрати Исо.
23Ва ҳангоме ки ба маъбад омада таълим медод, саркоҳинон ва пирони қавм назди Ӯ омада, гуфтанд: «Бо кадом қудрат ин корҳоро мекунӣ? Ва кист, ки ин қудратро ба Ту додааст?»
24Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам; агар шумо онро ба Ман гӯед, Ман ҳам ба шумо хоҳам гуфт, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам;
25Таъмиди Яҳьё аз куҷо буд: аз осмон ё аз инсон?» Аммо онҳо дар дили худ андеша мекарданд: «Агар гӯем, ки „аз осмон буд“, Ӯ бигӯяд: „Пас чаро ба вай имон наовардед?“
26Ва агар гӯем, ки „аз инсон буд“, — аз мардум метарсем, зеро ки ҳама Яҳьёро набӣ медонанд».
27Ва дар ҷавоби Исо гуфтанд: «Намедонем». Ӯ низ ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом қудрат ин корҳоро мекунам.
Масал дар бораи ду писар.
28Лекин фикри шумо чист? Марде ду писар дошт; ва назди нахустин омада, гуфт: „Писарам! Имрӯз ба токзори ман рафта кор кун“.
29Дар ҷавоб гуфт: „Намехоҳам“; аммо баъд пушаймон шуд ва рафт.
30Назди дигаре омада, ҳамон гапро гуфт. Вай дар ҷавоб гуфт: „Меравам, оғо“; ва нарафт.
31Кадом як аз ин ду нафар хоҳиши падарро ба ҷо овард?» Ба Ӯ гуфтанд: «Нахустин». Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки боҷгирон ва фоҳишагон пеш аз шумо ба Малакути Худо дохил хоҳанд шуд;
32Зеро ки Яҳьё назди шумо бо роҳи адолат омад, ва шумо ба ӯ имон наовардед, лекин боҷгирон ва фоҳишагон ба ӯ имон оварданд; ва шумо, инро дида, баъд аз он ҳам тавба накардед, то ки ба ӯ имон оваред.
Масал дар бораи токдорони бадкор.
33Масали дигаре бишнавед. Соҳиби хонае буд, ки ток шинонд, деворе гирдаш кашид, чархуште дар он сохт, бурҷе барпо кард ва онро ба токдорон супурду ба сафар рафт.
34Чун мавсими мева расид, хизматгорони худро назди токдорон фиристод, то ки меваи худро бигирад;
35Лекин токдорон хизматгорони ӯро гирифта, баъзеро заданд, баъзеро куштанд ва баъзеро сангборон карданд.
36Боз ӯ хизматгорони дигарро фиристод, ки аз пештара зиёдтар буданд; ба онҳо низ ҳамон тавр амал карданд.
37Дар охир писари худро назди онҳо фиристода, гуфт: „Аз писарам шарм хоҳанд дошт“.
38Лекин токдорон чун писарро диданд, ба якдигар гуфтанд: „Ин ворис аст; биёед, вайро бикушем ва соҳиби мерос шавем“.
39Ва ӯро гирифта, аз токзор берун бароварданд ва куштанд.
40Пас, чун соҳиби токзор ояд, ба он токдорон чӣ хоҳад кард?»
41Ба Ӯ гуфтанд: «Он бадкоронро ба марги шадид маҳкум карда, токзорро ба токдорони дигаре хоҳад супурд, ки меваро дар мавсимаш ба ӯ диҳанд».
42Исо ба онҳо гуфт: «Магар ин Навиштаро ҳаргиз нахондаед:
„Санге ки меъморон рад карданд,
санги сари гӯшаи бино гардид:
ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳайратангез аст“?
43Бинобар ин ба шумо мегӯям, ки Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад;
44Ва ҳар кӣ бар ин санг афтад, пора‐пора шавад; ва агар он бар касе афтад, вайро мачақ кунад».
45Саркоҳинон ва фарисиён масалҳои Ӯро шунида, донистанд, ки Ӯ дар бораи онҳо сухан меронад,
46Ва хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин аз мардум тарсиданд, чунки Ӯро пайғамбар медонистанд.
Currently Selected:
Инҷили Матто 21: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.