1
Инҷили Матто 21:22
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Ва ҳар он чи дар дуо бо имон талаб кунед, хохед ёфт».
Compare
Explore Инҷили Матто 21:22
2
Инҷили Матто 21:21
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар имон дошта бошед ва шубҳа накунед, на танҳо онро, ки ба дарахти анҷир рӯй дод, ба амал хоҳед овард, балки агар ба ин кӯҳ гӯед, ки „бархоста, худро дар баҳр афкан“, — чунин хоҳад шуд
Explore Инҷили Матто 21:21
3
Инҷили Матто 21:9
Ва мардуме ки аз пеш ва аз пас равона буданд, хитоб мекарданд: «Ҳӯшаъно ба Писари Довуд! Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд! Ҳӯшаъно дар арши аъло!»
Explore Инҷили Матто 21:9
4
Инҷили Матто 21:13
Ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки „хонаи Ман хонаи ибодат номида хоҳад шуд“; аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».
Explore Инҷили Матто 21:13
5
Инҷили Матто 21:5
«Ба духтари Сион бигӯед: „Инак, Подшоҳи ту бар харе, бар курраи бачаи модахар савор шуда, бо фурӯтанӣ назди ту меояд“».
Explore Инҷили Матто 21:5
6
Инҷили Матто 21:42
Исо ба онҳо гуфт: «Магар ин Навиштаро ҳаргиз нахондаед: „Санге ки меъморон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гардид: ин аз ҷониби Худованд шуд ва дар назари мо ҳайратангез аст“?
Explore Инҷили Матто 21:42
7
Инҷили Матто 21:43
Бинобар ин ба шумо мегӯям, ки Малакути Худо аз шумо гирифта, ба халқе дода хоҳад шуд, ки меваи онро биёрад
Explore Инҷили Матто 21:43